Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти президенти барканоршудаи Кореяи ҷанубӣ


Президенти барканоршудаи Кореяи ҷанубӣ рӯзи ҷумъаи 31-уми март ба иттиҳоми "фасоди молӣ" ва "сӯистифода аз мақом", боздошт шудааст. Ба иттилои хабаргузории "Ройтерс", як додгоҳи Кореяи Ҷанубӣ субҳи рӯзи ҷумъа ҳукми боздошти хонум Пак Кин Херо содир кард. Қарор аст вай ба муддати 20 рӯз то вақти анҷоми таҳқиқот дар зиндон бошад.

Як додраси минтақаи маркази Сеул -- пойтахти Кореяи Ҷанубӣ дар ҳукми худ гуфтааст, ки ба далели эҳтимоли аз байн бурдани санаду ҳуҷҷатҳо, ҳукми боздошти хонум Пак Кин Хе содир шудааст. Ду соат пас аз судури ин ҳукм, хонум Пак Кин Хе ба зиндони марказии Сеул дар берун аз пойтахт интиқол дода шудааст. Тибқи гузоришҳо, расонаҳои Кореяи ҷанубӣ ба таври мустақим ҷараёни интиқоли раиси ҷумҳури барканоршудаи ин кишвар ба зиндонро пахш кардаанд.

Барканории раиси ҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ дар пайи ифшои парвандаи дахолатҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ сурат гирифтааст.

Як идда аз тарафдорони хонум Пак Кин Хе субҳи рӯзи ҷумъа бо барафроштани парчами ин кишвар дар рӯбарӯи зиндони Сеул ҷамъ омада ва ба тарафдории ӯ шиор сар медоданд. Раиси ҷумҳури барканоршудаи Кореяи ҷанубӣ рӯзи панҷшанбе дар додгоҳ ҳозир шуд ва ба муддати 8 соат ба пурсишҳо дар бораи ин парванда посух дода буд.

Раиси ҷумҳури барканоршудаи Кореяи ҷанубӣ дар авохири соли гузашта аз сӯи парлумони он кишвар бозхонд шуда буд. Дар пайи он, Додгоҳи Қонуни асосии Кореяи ҷанубӣ низ ҳукми барканории хонум Пак Кин Херо содир кард. Моҳҳо пас аз тазоҳурот ва раҳпаймоиҳои густурда ва камсобиқа дар чанд даҳаи ахир дар Кореяи ҷанубӣ, дар ин муддат ҳаводорони хонум Пак Кин Хе низ даст ба раҳпаймоӣ ва эътирозҳо зада буданд.

Ҳарчанд эътирозҳо алайҳи ҳукумати Пак Кин Хе пас аз замони пирӯзии ӯ дар интихоботи президентии соли 2013 идома дошт, аммо ифшои парвандаи дахолатҳои васеи яке аз дӯстон ва мушовирони пешини ӯ дар умури сиёсӣ ва иқтисодӣ, ин эътирозҳоро бештар кард. Дар ниҳоят ҳизби муҳофизакор низ натавонист дар баробари фишорҳо муқовимат кунад ва барои бозхонди ӯ аксарият дар парлумон раъй доданд.

Пак Кин Хеи 65-сола фарзанди Пак Ҷон Хи, диктатори пешини он кишвар, муттаҳам ба он мешавад, ки ба яке аз дӯстон ва мушовиронаш бо номи Чой Соон Сил барои фишор овардан бар ширкатҳои бузурги он кишвар ва гирифтани кӯмакҳои молӣ барои ду бунёди сиёсии тарафдори худаш, пуштибонӣ кардааст. Аммо Пак Кин Хе ҳамаи иттиҳомотро рад кардааст.

XS
SM
MD
LG