Ба гузориши бахши озарии Радиои Озодӣ, маъмурони пулис ин тазоҳургаронро, ки шоҳроҳи асосӣ ба самти Бокуро баста буданд, бо калтак ва гази ашковар пароканда кардааст.
Тоҷирон аз он ба хашм омадаанд, ки моликони Маркази Тиҷоратии Бино, пули иҷораи дӯконҳо дар марказро то 300 доллар боло бурдаанд. Баъзе тазоҳургарон ба сӯи маъмурони пулис санг ҳаво дода ва ду соат роҳро бастаанд, аммо дар ниҳоят, пулис онҳоро пароканда кардааст.
Вазорати умури дохилии Озарбойҷон мегӯяд, 15 тазоҳургарро боздошт кардаанд. Дар ҷараёни бархӯрд чанд тазоҳургару маъмурони пулис захмӣ шудаанд. Ҳудуди 5 ҳазор тоҷири дигари маркази тиҷоратӣ ба нишони эътироз дӯконҳои худро рӯзи шанбе бастаанд.