Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салоҳиддин Раббонӣ ба рӯйхати номзадҳо "баргашт"


Cанадҳои тарки душаҳрвандии Салоҳиддин Раббонӣ ва Нурулҳаққ Улумӣ, номзадҳои пешниҳодии вазоратҳои хориҷӣ ва дохилии Афғонистон аз сӯи парлумони он кишвар қабул шуд ва онҳо барномаҳои худро шарҳ доданд.

Дар идомаи ироаи барномаҳои кории номзадҳои вазоратхонаҳо ба парлумони Афғонистон, Нурулҳақ Улумӣ, номзади вазири умури дохилӣ ва Салоҳиддин Раббонӣ, номзади вазири умури хориҷӣ барномаи кории худро шарҳ додаанд. Ин ду номзад, пас аз таъйиди ҳуҷҷатҳои тарки душаҳрвандиашон аз сӯи парлумон, рӯзи сешанбе дубора ба парлумон баргаштанд.

Салоҳиддин Раббонӣ, номзади вазири умури хориҷӣ ҳангоми шарҳи барномаи худ гуфтааст, вай усули асосии сиёсати хориҷии Афғонистонро бознигарӣ хоҳад кард ва дар мавриди он таҷдиди назар хоҳад намуд: "Дар солҳои гузашта аснод ба унвони усули асосии сиёсати хориҷӣ дар вазорати хориҷа тадвин шудааст. Ман моҳҳои аввали кориам бо таваҷҷуҳ ба ниёзҳои кунунӣ ва ояндаи кишвар дар партави раҳнамудҳои дини ислом ва Қонуни асосии кишвар онро мавриди бознигарӣ қарор дода ва барои тасвиб ба Маҷлиси намояндагон хоҳам овард."

Салоҳиддин Раббонӣ ҳамчунин гуфтааст, ки пас аз гирифтани раъйи эътимод аз сӯи парлумон, талошҳояшро ба ҳадафи ҷалби ҳамкориҳои минтақавӣ дар ростои мубориза алайҳи терроризм ва маводи мухаддир оғоз мекунад. Тақвияти равобити Афғонистон бо ҷаҳон, ҳалли мушкилоти муҳоҷирони афғон дар кишварҳои мухталиф ва овардани ислоҳот дар вазорати умури хориҷӣ, аз барномаҳои дигари Салоҳиддин Раббонӣ мебошанд.

Ҳукумати Афғонистон ҳафтаи гузашта 25 номзади вазир ва раҳбарони Раёсати амнияти миллӣ ва Бонки миллии он кишварро барои гирифтани раъйи эътимод ба парлумон пешниҳод кард, ки то кунун 18 нафари онҳо барномаҳои худро дар Маҷлиси миллии он кишвар шарҳ додаанд. Аммо то кунун маълум нест, ки парлумон бо дарназардошти барномаҳои кории номзадҳои пешниҳодӣ, киро таъйид ва киро рад хоҳад кард.

Рад шудани 7 номзад ба ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон, аз ҷумла номзадии Салоҳиддин Раббонӣ ва Нурулҳақ Улумӣ, ба як мавзӯи ҷанҷолбарангез дар арсаи сиёсии Афғонистон табдил ёфт. Ҳафт вазири пешниҳодии раисиҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва сарвазир Абдуллоҳи Абдуллоҳ аз сӯи парлумони Афғонистон бинобар доштани душаҳрвандӣ аз сӯи комиссияи умури байналмилалии парлумон, аз суолу ҷавоб маҳрум шуда буданд.

Рӯзи 21 январ порлумон номзадии Салоҳиддин Раббонӣ, номзади вазири умури хориҷӣ, Нурулҳақ Улумӣ, номзади вазорати умури дохилӣ, Содот Нодирӣ, номзади вазорати кор ва умури иҷтимоӣ, Аҳмад Сияр Маҳҷур, номзади вазорати адлия, Файзулло Кокар, номзади вазорати мубориза бо маводи мухаддир, Шоҳзамон Майвандӣ, номзади вазорати умури шаҳрсозӣ ва Ойсултон Хайрӣ, номзади вазорати иттилоот ва фарҳангро ба далели доштани шаҳрвандии кишварҳои дигар ваё дар ҳоли гирифтани чунин шаҳрвандӣ пас гардонида буд. Вале ҳоло номзадҳои пешниҳодии вазоратхонаҳои умури хориҷӣ ва дохилӣ тарки шаҳрвандии кишвари дувум карданд ва ҳукумат ба ҷои панҷ нафари дигар бояд номзадҳои нав муаррифӣ кунад.

Салоҳуддин Раббонӣ.
Салоҳуддин Раббонӣ.

Салоҳиддин Раббонӣ писари Бурҳонуддин Раббонӣ, раисиҷумҳури собиқи Афғонистон аст. Падари ӯ моҳи сентябри соли 2012 дар натиҷаи як ҳамлаи маргталабона дар манзилаш дар Кобул кушта шуд. Салоҳиддин Раббонӣ баъди даргузашти падараш муддате раҳбарии Шӯрои олии сулҳи Афғонистонро бар ӯҳда дошт ва ҳоло раиси Ҷамъияти исломӣ, ҳизби таъсисдодаи падараш мебошад.

Раиси ҷумҳури Афғонистон рӯзи 20 январ номзадҳо ба вазоратхонаҳои кишвар ва ҳамчунин раҳбарони Раёсати амнияти миллӣ ва Бонки миллиро ба парлумон муаррифӣ кард. Аз маҷмӯи 25 вазири пешниҳодӣ 13 вазирро раисиҷумҳур ва 12 вазирро доктор Абдуллоҳ пешниҳод кардаанд.

Бархе аз аъзои парлумон бо такяи ба моддаи ҳафтоду дуи Қонуни асосии он кишвар мегӯянд, ки парлумон ҳаққи таъйиди номзади вазирони ду шаҳрвандаро дорад. Аммо гурӯҳи дигар, ки шумораашон зоҳиран бештар аст, ба қонуне такя мекунанд, ки ҳудуди як моҳ пеш дар парлумон тасвиб шуд.

Бар пояи ин қонун, афроде, ки дар баробари шаҳрвандии Афғонистон, шаҳрвандии кишвари дигарро ҳам доранд, наметавонанд ба ҳайси вазир дар кобина кор кунанд. Ин гурӯҳ истидол мекунанд, ки афроди ду шаҳрванда ба манфиатҳои Афғонистон пойбанд нестанд ва ҳар гоҳ таҳти пайгарди қонунӣ қарор бигиранд, ба кишвари дувумӣ мераванд ва аз қонунҳои Афғонистон фирор мекунанд.

Аммо гурӯҳе, ки тарафдори раъйдиҳӣ ба афроди ду шаҳрвандӣ ҳаст, бовар доранд, ки тобеяти дугона далели пойбанд набудани афрод ба манфиатҳои Афғонистон шуда наметавонда ва афроде ҳастанд, ки танҳо бо як тобеият корҳои ғайриқонунӣ карданд ва дасти қонун ба онҳо намерасад.

XS
SM
MD
LG