Шоҳзода Сауд Ал-Файсал -- яке аз дарозумртарин вазирони корҳои хориҷӣ дар даврони муосир рӯзи панҷшанбе даргузаштааст. Ӯ соли 1975 ба унвони вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ мансуб шуд ва нақши муҳим дар тарҳрезии мавзеи ин кишвари сарватманд дар баробари бисёре аз бӯҳронҳои Ховари Миёна ба ӯҳда дошт.
Бо барканории Сауд Ал-Файсал, Одил Ал-Ҷубайр, сафири пешини Арабистони Саудӣ дар Амрико ҷойгузини вай дар мақоми вазири умури хориҷии он кишвар шуд.
Сауд Ал-Файсал соли 1940 ба дунё омада ва дувумин фарзанди Малик Файсал бин Абдулазиз ва бародарзодаи Салмон бин Абдулазиз, подшоҳи нави Арабистони Саудӣ буд.
Сауд Ал-Файсал нуфузи зиёд дар дипломатия ва сиёсати хориҷии Арабистони дошт ва ҳатто баъд аз ин ки аз ин мақом канор рафт, ҳанӯз ба унвони мушовири подшоҳи Арабистони Саудӣ дар муносибатҳои хориҷӣ ҳузур дошт. Ҳатто пеш аз воқеаҳои машҳур ба "баҳори араб" дар соли 2011, Сауд Ал-Файсал нақши муҳиме дар сиёсатҳои Ховари Миёна ифо мекард.
Дар октябри соли 1975 ва дар замоне ки ба мақоми вазири умури хориҷӣ мансуб шуд, на Миср ва на Исроил бо ҳам сулҳ карда буданд, на Ёсир Арафот Ҷунбиши муқовимати Фаластинро поягузорӣ карда буд. Шоҳи Эрон дар мақоми салтанат буд ва Саддом Ҳусейни ҷавон ҳам дар Ироқ дар ҳоли болорафт аз зинаҳои қудрат буд.
Сауд Ал-Файсал дар ҷараёни ҳамлаи Исроил ба Лубнон дар соли 1978, 1982 ва 2006 ҳузур дошт. Шоҳиди ҳаракати худҷӯши фаластиниҳо дар солҳои 1987 ва 2000, шоҳиди ҳамлаи Ироқ ба Эрон дар соли 1980 буд ва ҳамчунин ҳамлаи Ироқ ба Кувайт дар соли 1990 ва низ амалиёти озодсозии Кувайт дар соли 2003.