Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушёр бош! "Девор муш дорад, муш гӯш дорад"


Ширкати "Самсунг" эътироф кард, ки дар телевизионҳои боҳушаш дастгоҳҳои махсуси шинохти овоз насб шудаанд. Дар Тоҷикистон аммо бисёриҳо аз эҳтимоли гӯш кардани сӯҳбатҳои телефониашон шикоят мекунанд.

Фаромӯш накун, ки дар хонаи зисти худ чӣ мегӯӣ. Телевизионҳои боҳуши Самсунг ҳарфҳои туро гӯш мекунанд. На танҳо гӯш мекунанд, балки ба ҷойҳои дигар мефиристанд ва он ҳамон гуфтаи тоҷикиро ба ёд меорад, ки “Девор муш дорад, муш гӯш дорад”.

Таҷҳизоти шинохти овоз дар ширкати интернетии Кореяи ҷанубӣ, ки бо телевизионҳо пайваст шудааст, сӯҳбатҳои гирду атрофи худро гӯш мекунад ва ба ҷойҳое мефиристад.

Ин «ҳунар»-и телевизионҳо, ки сӯҳбатҳоро гӯш мекунанд, дар торнамои интернетии телевизионҳои боҳуши ширкати "Самсунг" ифшо ва нашр шудааст. Худи ширкати "Самсунг" гуфтааст, ки дастгоҳи гӯшкунанда ё ҷамъоварии маълумот барои он дар телевизионҳо гузошта шудааст, ки кайфияти намоиши телевизионҳоро беҳтар кунанд, вале соҳибони телевизион метавонанд ин дастгоҳи гӯшкунандаро хомӯш кунанд.

Мунтақидон инро бо сужаи романи !1984"-и Ҷорҷ Оруэлл монанд мекунад. Дар ин роман адиби англис вазъи мардум дар низоми диктатуриеро ба тасвир кашидааст, ки дар он ҳар қадами аҳолӣ таъқиб ва ҳар суханаш ва ҳатто фикре ки аза сараш мегузарад, аз сӯи мақомоти амниятӣ шунида ва дар парвандааш сабт мешавад.

Ин бори аввал нест, ки телевизионҳои ҳушманд ё smart TV нигарониҳои соҳибонашонро ба бор меоранд. Соли 2013 низ як соҳиби телевизиони LG Electronics дарёфт, ки телевизиони вай дар бораи барномаҳое, ки вай тамошо мекунад, ба ширкат маълумот мефиристад.

“Ин гапи телефонӣ нест”

Ин бори аввал аст, ки мавзӯи гӯш кардани сӯҳбатҳои мардум тавассути телевизионҳо матраҳ мешавад. То кунун дар бораи таъқиби мукотибаҳои мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва эҳтимоли шунидану ҳатто сабт кардани сӯҳбатҳои телефонӣ аз сӯи мақомоти вижа зиёд сӯҳбат мешуд. Ва ҳатто иборае дар кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон роиҷ аст, ки вақте ягон мавзӯи муҳим пеш биояд, ҳамсӯҳбатро огоҳ мекунанд, ки "ин гапи телефонӣ нест."

Маҷаллаи интернетии Eurasianet.org дар соли 2012 навишт, таҳқиқоти алайҳи ду ширкати ZTE ва Huawei оғозкардаи Конгресси Амрико метавонад бархе асрори давлатҳои ин минтақаро ҳам боз кунад. Аз ҷумла гуфта мешуд, ки бозсозии шабакаҳои телефонии Осиёи Марказӣ тавассути ин ду ширкат имкони гӯш додани мақомот ба сӯҳбатҳои телефонии мардумро фароҳам сохтааст. Аммо масъулини ширкатҳои телефонӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, ин моҷаро бештар ба рақобати байни ширкатҳо дар бозор бастагӣ дорад.

Ба низоми рақамӣ гузарондани шабакаҳои телефонии 4 кишвари Осиёи Марказӣ – Узбакистону Туркманистон ва Қирғизистону Тоҷикистон - ширкатҳои чинии ZTE ва Huawei-ро дар бозори мухобироти ин минтақа пештоз кард. Телефонҳои чӣ шаҳрӣ ва чӣ мобили ин кишварҳо аксар бо таҷҳизоти ZTE ва Huawei кор мекунанд. Eurasianet менависад, ин 4 кишвар 10 сол пеш ба қарзҳои пуримтиёзи Чин дода шуда, тарҳҳои бозсозии шабакаҳои телефонии худро ба ZTE ва Huawei, ки дар бархе кишварҳо, аз ҷумла дар Ғарб, як василаи таҷассус барои давлати Чин гумонашон мебаранд, супурданд.

Манобеъи Eurasianet гуфтаанд, ширкатҳои чинӣ ба хотири касби қарордодҳои пурфоида аз мусоидат ба ҳукумат дар амри гӯш кардани сӯҳбатҳои телефонӣ ва таъқиби кори муштариён дар Интернет ҳазар намекунанд ва шояд ҳокимони худкомаи Осиёи Марказӣ ба ин имтиёз низ фирефта шуда, ҳамкорӣ бо ZTE ва Huawei -ро як аҳроми таҳкими режимҳои худ гумоштанд. Бехабар аз инки истифодаи таҷҳизоти чинӣ сӯҳбатҳои худи онҳоро низ барои Пекин дастрас мегардонад.

ZTE дар авоили солҳои 2000 шабакаҳои телефони хонагӣ дар саросари Тоҷикистонро рақамӣ кард ва соли 2005 нахустин шабакаи NGN дар Осиёи Марказиро низ дар Тоҷикистон ба роҳ андохт. Шарики асосии ZTE дар Тоҷикистон ширкати давлатии “Тоҷиктелеком” аст, вале ширкатҳои хусусии мобилу интернет низ асосан бо таҷҳизоти ZTE ва Huawei кор мекунанд.

Дугонаҳо СМС-ро бо ҳам мехонандҷ Вале шахси сеюм ҳам ҳаст, ки ин мукотибаро мутолиа мекунад
Дугонаҳо СМС-ро бо ҳам мехонандҷ Вале шахси сеюм ҳам ҳаст, ки ин мукотибаро мутолиа мекунад

Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, сӯҳбатҳои телефонӣ ва мукотибаи мардум махфист ва касе ҳаққи таарруз ба ин ҳаримро надорад, ило дар ҳолатҳои истисноӣ ва он ҳам бо ҳукми додгоҳ ва фақат ба муддати то 6 моҳ ва танҳо дар қиболи афроде, ки ба даст доштан дар ҷиноёти сангин, барои мисол, терроризм, гумонбар мешаванд. Аммо дар солҳои охир, дар пайи дастрас шудани фанновариҳои навини сабти овоз, шикоятҳо аз ин ки сӯҳбатҳои телефонии онҳо аз сӯи мақомотшунида ва сабт мешаванд зиёд шудааст. Бахусус аз сӯи сиёсатмадорони мухолиф ва хабарнигорону фаъолони мунтақиди ҳукумат.

Бархе аз онҳо, аз ҷумла раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддини Кабирӣ чанд моҳ боз аз истифодаи телефони мобил комилан парҳез мекунанд. Яке аз наздиконаш ин иқдоми Кабириро низ ба мавзӯи гӯш шудани сӯҳбатҳояш рабт дод ва гуфт, ки ӯ маҷбур шуд, ба хотири ҳимояти ҳарими шахсиаш комилан аз баҳри истифодаи телефон гузарад.

XS
SM
MD
LG