Михаил Саакашвилӣ, президенти собиқи Гурҷистон, ки шоми 8-уми декабр аз тарафи нирӯҳои пулиси Украина боздошт шуд, гуруснанишинии бемуҳлат эълон кардааст. Руслан Чернолутский, вакили дифои Саакашвилӣ, рӯзи 9-уми декабр дар ин бора ба хабарнигорон иттилоъ дод. Вай, инчунин, номаи нафари таҳти ҳимояташро нашр кард, ки дар он аз мардуми Украина хоста шудааст, рӯзи якшанбе ба хиёбонҳо баромада, истеъфои раиси ҷумҳур Петро Порошенкоро талаб намоянд.
Ман онҳоро аз куҷо мешиносам? Онҳо кистанд? Ҳамааш дурӯғ аст
Дар ҳамин ҳол, дар Додситонии Украина гуфтаанд, ки дархост барои ба ҳабси хонагӣ гирифтани ӯ ба зудӣ ба додгоҳ фиристода хоҳад шуд. Мақомот гуфтаанд, дар ҳабси хонагӣ Саакашвилиро дастбанди электронӣ ҳамроҳӣ карда, аз маҳалли будубоши ӯ ба мақомот “гузориш” хоҳад дод.
Тайи ҳафтаи гузашта бори дувум аст, ки ин сиёсатмадор боздошт мешавад. Дар оғози ҳафтаи ҷорӣ Михаил Саакашвилиро тарафдоронаш аз дохили мошини нирӯҳои амниятии Украина берун оварда буданд. Нирӯҳои амниятӣ рӯзи 5-уми декабр бо ҳадафи боздошти Саакашвилӣ ба хонае, ки ӯ зиндагӣ мекард, рафтанд ва ӯро дар болои боми он бино пайдо ва дастгир намуданд. Тазоҳургароне, ки дар атрофи мошини Хадамоти амнияти Украина буданд, сарҷамъона дарро боз карданд ва Саакашвилиро берун оварданд. Дар он лаҳзаҳо пулис ба сӯи тазоҳургарон гази ашковар сар дод.
Баъд аз ин, Саакашвилӣ мардумро ба сӯи порлумон раҳнамоӣ кард ва аз тарафдоронаш хост, ки ба Майдони Истиқлолияти Киев, маркази эътирозҳои зидди Виктор Янукович дар соли 2014, бираванд. Дар ҳодисаҳои се соли пеш, баъд аз эътирозҳои ҷонибдорони пайвастани Украина ба Аврупо, Виктор Янукович қудратро тарк кард ва Петро Порошенко дар интихобот ғолиб шуд.
Дар навбати худ пулис Саакашвилиро барои иртибот бо Янукович гумонбар дониста, гуфт, собиқ волии Одесса бо президенти барканоршуда дар иртиботи ҷиноӣ қарор дорад. Аз ҷумла, рӯзи 5-уми декабр додситони кулли Украина Юрий Лутсенко дар як нишасти хабарӣ дар Киев гуфт, “гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ” ба раҳбарии Янукович, ки дар Русия паноҳ мебарад, эътирозҳои ба раҳбарии Саакашвилиро маблағгузорӣ кардааст.
Зимни як суханрониаш бо Радиои Озодӣ пеш Саакашвилӣ гуфт, ҳамаи иттиҳомоти зидди ӯ “сохта аст”. Вай ба забони англисӣ гуфт: “Ман онҳоро аз куҷо мешиносам? Онҳо кистанд? Ҳамааш дурӯғ аст”. Баъдан хитоб ба мардум дар майдон гуфт, ҳамаи иттиҳомоти зидди ӯ “бепояву асос аст”.
Михаил Саакашвилӣ, ки соли 2003 инқилоби садбаргҳоро дар Гурҷистон раҳбарӣ кардааст, аз 2004 то 2013 президенти ин кишвар буд. Ӯ маъракаи мубориза бо фасодро роҳандозӣ кард, вале дар ниҳоят худаш дар сӯистифода аз мақом гунаҳкор шуд. Нисбат ба Саакашвилӣ дар Гурҷистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Вай ин иттиҳомотро рад карда аз кишвар берун шуд.
Дар авҷи эътирозҳои “Евромайдан” Порошенко Саакашвилиро, ки аз замони донишгоҳ бо ҳам дӯст ҳастанд, волии Одесса таъин кард. Соли 2015 ӯ аз шаҳрвандии Гурҷистон даст кашид. Вале соли 2016 ба истеъфо рафт ва гуфт, ки Порошенко ва тарафдоронаш ба ислоҳоти шурӯъкардаи ӯ монеъ шуданд. Порошенко моҳи июни соли 2017, замоне ки Саакашвилӣ бо як сафар дар Амрико буд, ӯро аз шаҳрвандӣ маҳрум кард. Саакашвилӣ аз рӯи ин қарор ба додгоҳ шикоят кард.
Баъд аз ин, дубора ба Украина ворид шуд, вале дар убури ғайриқонунии марз муттаҳам шуд. Вай ҷаримаи додгоҳро пардохт кард ва баъд аз ин даст ба тазоҳурот заду мардумро ба тарафдорӣ аз ҳизби тозатаъсиси Ҷунбиши нирӯҳои нав даъват кард. Вай ишора кард, ки мехоҳад нахуствазири нави ин кишвар шавад. Ин мақомро ӯ аз ҷиҳати назариявӣ метавонад дар сурати мувофиқати порлумон ва президент ба даст орад. Бо он мақоми бешаҳрвандие, ки ӯ дорад, наметавонад ҷӯёи курсии президентӣ шавад.
Натиҷаҳои пурсиши афкори умум баёнгари он аст, ки тахминан 2 дарсад аз сокинони Украина тарафдори Саакашвилӣ ва ҳизби ӯ ҳастанд.