Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Рустами Калла" афв шуд. Даъвоҳо боқӣ монд


Додгоҳе дар минтақаи Кӯлоб Рустам Темуров, машҳур ба "Рустами Калла"-ро, ки ба азхуд кардани маблағҳои калон аз сокинон бо роҳӣ зӯрӣ ва таҳдид муттаҳам мешуд, ба 2,5 сол зиндон маҳкум кард ва сипас бар асоси қонуни афв, ӯро озод намуд.

Дар ҳалномаи Додгоҳи минтақаи Кӯлоб, ки як нусхаи он дар ихтиёри Радиои Озодӣ қарор дорад, гуфта мешавад, ки Рустам Темуров тибқи моддаи 334, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба муҳлати 2,5 сол бо адо кардани ҷазо дар колонияҳои дорои ислоҳи умумӣ, маҳкум гашт,, "аммо бо дастрасии моддаи 1, қисми 1 дар бораи афв аз 24 августи соли 2016, аз ҷазои таъйиншуда озод карда шудааст."

Додгоҳ Рустам Темуровро ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист ва баргардонидани ҳудуди 600 ҳазор сомонӣ маблағҳои ҷабрдидаҳо, озод кардааст. Бар асоси ин қарор, Рустам Темуров бояд ба ду ҷабрдида -- Зафар Холов ва Раҳимҷон Сафармадов ин маблағро пардохт намояд.

Аммо ин ду ҷабрдида рӯзи 23 октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бо вуҷуди он, ки аз судури ҳукми додгоҳ даҳ рӯз мегузарад ва он ба ҳолати иҷро даромадааст, аммо "Рустами Калла" то ба ҳол маблағҳои онҳоро барнагардонидааст.

8 моҳи қабл Рустам Темуров, полковники собиқи милиса аз сӯи мақомоти интизомӣ ба иттиҳоми гирифтани 200 ҳазор доллари амрикоӣ аз сокинони Кӯлоб боздошт ва аз сӯи додситони минтақаи Кӯлоб нисбати ӯ бо моддаи 250 қисми 4, яъне "тамаъҷӯӣ дар ҳолати хавфнок ва бо истифодаи силоҳ" айб эълон карда шуд.

Тибқи ин модда полковники собиқро эҳтимоли маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати аз 15 то 20 сол таҳдид мекард. Аммо ин модда замони ирсол ба додгоҳ иваз ва нисбати ӯ бо модда 334, қисми 2, яъне "худсарӣ ё бо роҳи зӯроварӣ ё таҳдид содир шуда бошад, бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол, ҷазо таҳдид мекард.

Полковник Рустам Темуров, ки 62 сол дорад, солҳои тӯлонӣ дар чанд навоҳии Кӯлоб дар мақоми сардори милиса кор кардааст. Ӯ ду сол пеш пас аз 7 соли кор аз мақоми сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ховалинг ба нафақа рафт ва ба гуфтаи наздиконаш, ба тиҷорат машғул буд.

Зимнан номи Рустам Темуров вақте дар Кӯлоб матраҳ шуд, ки ӯ дар солҳои 1980 дар идораи ОБХСС (шӯъбаи мубориза бо ғорати моликияти сотсиалистӣ)-и вилояти Кӯлоб муовини Султон Қувватов таъин шуд. Ӯ пас аз он ном баровард, ки дар ин мақом дуздии пулҳои чанд идораи вилояти Кӯлобро ошкор кард ва мансабдорон аз шеваи тафтишҳои ӯ дар ҳарос афтода буданд. Акнун худи ӯ ба ҷинояте муттаҳам шуд, ки солҳои тӯлонӣ алайҳаш мубориза мебурд.

XS
SM
MD
LG