Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Путин Русияро абарқудрат кардааст?"


 Владимир Путин, президенти Русия
Владимир Путин, президенти Русия

Бахши назарраси шаҳрвандони Русия бовар доранд, ки Владимир Путин тоҷи бузургиро дубора бар сари Русия гузошт.

Бунгоҳи омӯзиши афкори умуми "Левада дар остонаи яксолгаии бозгашти Путин ба мақоми раёсати ҷуҳмури Русия, назарсанҷиеро пахш кард, ки мегӯяд, ба сурати умум мардум аз президент Путин розӣ ҳасанд. 4 март Владимир Путин, баъди танаффуси чаҳорсола, ба даври сеюми раёсати худ оғоз кард, ки шаш солро дар бар мегирад. Левада мегӯяд, 39 дар сади пурсидашудаҳо ба суоле, ки "оё президент Путин ба ваъдаҳои пешазнитихоботӣ вафо кард?", гуфтаанд, "ба сурати умум "бале", ваъдаҳоро иҷро кард. Ҳамзамон 28 дар сади шарҳвандон ба ҳамин суол ҷавоби баръакс додаанд.


Шаҳрвандои Русия ба Левада гуфтаанд, ки аз ҳама беҳтар ба Путин муяссар шуд, ки обрӯи кишвари абарқудратро ба Русия баргардонад. 36 дар сади пурсидашудаҳо ҷонибдори ҳамин ақида будаанд. 28 дар сади русҳо аз ҳаҷми маош ва ҳақи бознишастаги худ изҳори қаноатмандӣ карданд ва инро ҳам аз баракати хизматҳои Путин номбар карданд. Дар ҷойи сеюми дастовардҳои раисиҷумҳур, барҳам додани руҳияи ҷудоихоҳӣ ва таҳкими якпорчагии Русия ҷой гирифт.

Шаҳрвандон ҳамчунин корҳоеро номбар кардаанд, ки ҳалли онҳо аз дасти Путин барнаомад. Ба назари шаҳрвандон , Путин натавонист тақсими одилонаи даромадро ба роҳ монад ва манфиатҳои мардуми оддиро ба назар бигирад. 43 дар сад ба нотавонии Путин дар ин замина таъкид кардаанд. 36 дар сади пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки раисҷуҳмур хисороти молии мардумро, ки дар ҷараёни пешбурди ислоҳоти иқтисодӣ ба бор омада буд, ҷуброн накард. 25 дар сад Путинро барои нокомӣ дар ҳалли мушкилоти таҳкими қонуну тартибот танқид кардаанд.

Ба сурати умум, шаҳрвандон гуфтаанд, ки Владимир Путин ба кишвар бештар хубӣ овардааст. 65 дар сад аз ин назар пуштибонӣ кардаанд, вале 18 дар сади дигар гуфтаанд, ки фоидаи Путинро надиданд.
XS
SM
MD
LG