Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии мухолифони Обама дар интихоботи Амрико


Ҳизби мухолифи ҷумҳурихоҳи Амрико дар интихоботи миёндавраии рӯзи 4 ноябр аксариятро дар ҳарду маҷлиси Конгресс ба даст овардааст. Ин маъмурияти президент Барак Обамаро дар вазъи мушкиле қарор медиҳад.

Номзадҳои ҳизби мухолифи ҷумҳурихоҳи Амрико дар интихоботи миёндавраӣ дар дастикам 7 аёлати калидӣ бар ҳизби демократи раисиҷумҳур Барак Обама пирӯз шуда, аксариятро дар Сенат ба даст овардаанд. Сенат – маҷлиси болоии Конгресси Амрико - то кунун таҳти назорати ҳизби демократқарор дошт ва ҷумҳурихоҳон барои бори аввал дар 8 соли охир назорати ин маҷлиси муҳими порлумони Амрикоро ба даст мегиранд.

Ҷумҳурихоҳон дар интихоботи рӯзи 4 ноябр назорати худ бар Маҷлиси намояндагон - маҷлиси поёнии Конгресси Амрикоро низ қавитар карданд. Натиҷаҳои ин интихобот, ба бовари нозирони умур, аз норозигии мардум аз ҳукумати куннуӣ аломат медиҳад.

Ҷумҳурихоҳон мегӯянд, дар интихоботи рӯзи 4 ноябр дар аёлатҳои Монтана, Колорадо, Вирҷинияи ғарбӣ, Дакотаи ҷанубӣ, Арканзас, Айова ва Каролинаи шимолӣ ғалаба кардаанд. Натиҷаҳои экзит-поллҳо, ки билофосила баъди анҷоми раъйгирӣ дар интихоботи миёндавраӣ ба Сенати Амрико эълон шуданд, низ ҳокии пирӯзии номзадҳои ҷумҳурихоҳ дар дасти кам 5 аёлати дар гузашта таҳти назорати демократҳо буд.

Митч МакКонелл бо Барак Обама. Акс аз бойгонӣ
Митч МакКонелл бо Барак Обама. Акс аз бойгонӣ

Ҳамин тавр, сенатори ҷумҳурихоҳ Митч МакКонелл бо пирӯзӣ дар интихоботи миёндавраӣ мандати вакилиаш аз аёлати Кентакиро ҳифз кардааст. МакКонелл акнун метавонад демократ Ҳарри Рейдро дар мақоми раҳбари аксарият дар Сенат иваз кунад. Ҳарри Рейд, ки яке аз ёрони калидии Обама ба шумор мерафт, алакай ҳарифаш Митч МакКонеллро бо дарёфти мақоми раҳбари аксарияти Сенат табрик кардааст.

Макконнел ба навбаи худ дар суханронии пирӯзиаш гуфт, барои Амрико фурсати "рафтан аз масири нав" фаро расидааст.

Демократҳо ба ин тартиб, назорати ҳарду маҷлиси Конгрессро аз даст доданд. Ҷумҳурихоҳон то кунун аксариятро дар Маҷлиси намояндагон – маҷлиси поёнии порлумони Амрико дар даст доштанд ва дар интихоботи рӯзи 4 ноябр тавонистаанд аксариятро дар ин маҷлис низ ҳифз ва ҳатто қавитар кунанд..

Нозирони умур мегӯянд, аз даст додани аксарият дар ҳарду маҷлиси Конгресс маъмурияти Барак Обамаро, ки то анҷоми давраи дуюм ва ниҳоии раёсаташ ду соли дигар мондааст, дар як вазъи мушкиле қарор медиҳад. Низоми идории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тарзест, ки маъмурияти раисиҷумҳур бидуни ризоияти Конгресс қодир ба иҷрои барномаҳои бузурге нест ва акнун Кохи Сафед маҷбур мешавад, барои дарёфти “ок”-и Конгресс талошҳои нисбат ба гузашта хеле бештареро ба харҷ дода, ба гузаштҳои ҷиддитаре дар иҷрои барномаҳое, ки ба мухолифати ҳизби ҷумҳурихоҳ рӯбарӯ буд, тан бидиҳад.

Дар интихоботи рӯзи 4 ноябр дар Амрико мардум 36 сенатор, ҳамаи 435 вакили Маҷлиси намояндагон ва волиёни 36 аёлатро интихоб карданд. Демократҳо дар интихоботи волиҳо дар чандин аёлат, аз ҷумла дар аёлатҳои пураҳолие, чун Флорида, Мичиган ва Оҳайо бохтанд. Ҷумҳурихоҳон тавонистанд дар интихоботи волиҳо бар номзадҳои демократ ҳатто дар чанд аёлати суннатан ҳаводори демократҳо, аз ҷумла дар Мериленд, Массачусеттс ва Иллинойс - зодгоҳи Обама - ғалаба карданд.

XS
SM
MD
LG