Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришҳо аз эъдоми вазири дифои Кореяи Шимолӣ


Ба иттилои хабаргузориҳои расмии Кореяи Ҷанубӣ, вазири дифои Кореяи Шимолӣ Ҳён Ён Чол ба иттиҳоми хиёнат эъдом шудааст. Гуфта мешавад, ки ӯ бо истифода аз силоҳи зиддиҳавоӣ тирборон шудааст.

Хабаргузории расмии Кореяи Ҷанубӣ ба нақл аз як мақоми баландпояи амниятии он кишвар хабар додааст, ки вазири нерӯҳои мусаллаҳи Кореяи шимолӣ ба иттиҳоми "хиёнат" қатл шудааст. Ин гузориш рӯзи 13 май мунташир шуд, аммо гуфта мешавад, ки эъдом дар таърихи 30 апрел (ду ҳафта пеш) анҷом шудааст.

Ба гуфтаи хадамоти ҷосусии Кореяи Ҷанубӣ, Хён Ёнг Чол вазири нерӯҳои мусаллаҳи халқи Кореяи шимолӣ бо истифода аз силоҳи зидди ҳавоӣ тирборон шудааст. Муовини раиси Хадамоти ҷосусии Кореяи Ҷанубӣ ба як кумитаи парлумониии он кишвар гуфтааст, "садҳо мақоми расмӣ" тамошогари ин саҳна будаанд.

Ҷаноби Хён Ён Чол камтар аз як сол пеш ба мақоми "вазорати нерӯҳои мусаллаҳи халқ" расида буд. Ба гузориши хабаргузории расмии Кореяи Ҷанубӣ, ба нақл аз мақомоти амниятии ин кишвар, дида шудааст, ки Хён Ён Чолро хобаш бурда ва бо дастурҳои Ким Ҷонг Ун, раҳбари Кореяи Шимолӣ, ҳини як рӯйдоди низомӣ бетаваҷҷӯҳ будааст.

Ҳеҷ мақом ё расонаи расмии Кореяи шимолӣ ин хабарро таъйид накардаанд. Ҳанӯз мақомҳои расмии ҳеҷ кишвари дигаре, ки аз наздик рӯйдодҳои Кореяи Шимолиро пайгирӣ мекунанд, чунин хабареро нашр накардаанд.

Ин хабар, навтарин гузориш аз эъдомҳои мақомҳои давлатӣ ва расмии Кореяи Шимолӣ аз замони ба қудрат расидани Ким Ҷонг Ун дар он кишвар аст. Кореяи Ҷанубӣ як моҳ қабл гуфта буд, ки ҳамсояи шимолии он кишвар "15 мақоми олирутба"-ро давоми соли ҷорӣ қатл кардааст.

Аз соли 2012 ки раҳбари ҷавони Кореяи Шимолӣ ҷои падари худро гирифт, расонаҳо гузоришҳое аз эъдомҳо дар он кишвар мунташир кардаанд, ки бино ба таҳлилҳо, сабаби аслии онҳо ҷанги қудрат дар ин кишвар гуфта мешавад.

Дар соли 2013 Ким Ҷонг Ун дастур дод, шавҳари аммаашро, ки аз мақомҳои бонуфуз дар сохтори сиёсии он кишвар буд, эъдом кунанд. Ҳатто тасовире аз боздошт ва муҳокимаи ӯ тавассути расонаҳои расмии Кореяи Шимолӣ мунташир шуданд.

Вазири нерӯҳои мусаллаҳ дар Кореяи Шимолӣ беш аз ҳар чиз масъули умури нақлиёт ва равобити байналмилалӣ аст. Сиёсатҳои аслӣ ба таври умумӣ дар комиссияи дифои миллӣ ва комиссияи марказии низомии Ҳизби коргарони Кореяи шимолӣ -- ниҳодҳои қудратманд дар сохтори қудрати он кишвар, гирифта мешаванд.

XS
SM
MD
LG