Далер Нақибов, корманди Сарраёсати консулии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ба шарти берун нарафтан аз маҳалли иқоматаш аз боздошт раҳо шудааст. Наздикони Нақибов бо тасдиқи ин хабар гуфтанд, ҳоло ӯ дар озодист.
Вале хабаргузории “Озодагон” бо такя ба манобеи худ дар Кумитаи амнияти миллӣ навиштааст, тафтиши қазияи корманди Сарраёсати консулии ВУХ-и Тоҷикистон идома хоҳад кард. Вазорати умури хориҷӣ то кунун дар ин замина изҳори назар накарда, раҳоии кормандаш аз боздоштро тасдиқ ё рад нанамудааст.
Манобеи Радиои Озодӣ дар Душанбе рӯзи 18 сентябри соли ҷорӣ хабар доданд, ки Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Далер Нақибов, корманди Сарраёсати консулии Вазорати умури хориҷиро бо иттиҳоми гирифтани пора ба маблағи калон дастгир кардааст. Ба гуфтаи ин манобеъ, Нақибов ба гирифтани 4 000 доллар пора муттаҳам мешавад ва дар чорчӯби парвандаи ӯ раҳбари Сарраёсати консулии Вазорати хориҷӣ Манучеҳр Маҳками Маҳмудзода низ бозпурсӣ шудааст. Вале баъдан наздикони Нақибов дар сӯҳбат бо хабарнигори “Озодӣ” гуфтанд, гап на дар бораи чаҳор ҳазор доллар, балки дар бораи шашсад долларе меравад, ки се нафар гӯиё барои таҳияи шиносномаи биометрияшон ба ӯ додаанд. Хабаргузории “Озодагоон” менависад, зоҳиран баҳси ҷонибҳо бар сари 30 доллар будааст.
Далер Нақибов оиладор ва соҳиби як тифл буда, факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ба қавли наздиконаш, ӯ дар вазъи миёнаҳолона зиндагӣ мекард ва ба кори худ содиқ буд.
Сухангӯи вазорати хориҷии Тоҷикистон Абулфайз Атоев рӯзи 18 сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хабари боздошти корманди ин вазорат бо иттиҳоми порагирӣ ва бозпурсӣ шудани раҳбари сарраёсати консулии вазоратро рад кард ва дар як тамоси кӯтоҳ гуфт, "ин ҳама дурӯғ аст." Манучеҳр Маҳмудзода писари раиси Додгоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон Маҳкамбой Маҳмудов аст. Ӯ дар соли 2013 ба ҷои Ҷамолиддин Убайдуллоев, писари шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев, раҳбари сарраёсати консулии вазорати хориҷаи Тоҷикистон таъин шуд.