Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон дар Маҷмаи Умумии Созмони Милал дар бораи чӣ гуфт? 


Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар суханрониаш дар Созмони Милал дар бораи гармшавии иқлим, обшавии пиряхҳо, ҷанг дар Ғазза ва вазъият дар Афғонистону ҳуши маснӯӣ суҳбат кард.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 24-уми сентябр дар нишасти 79-уми Маҷмааи умумӣ пешниҳод кард, ки бо “қатъномаи махсуси Созмони Милал “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад.”

Ӯ дар бораи ҷанг дар Навори Ғазза мавқеи қаблиашро такрор кард, ки Душанбе хоҳони таъсиси кишвари Фаластин бо марзҳои соли 1967 мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз кишварҳои ҷаҳон хост, ба мардуми Афғонистон кумак расонанд.

"Мо ҷонибдори истиқрори сулҳу суботи пойдор ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар Афғонистони ҳамсоя ҳастем. Ба ин мақсад Тоҷикистон ҳамеша омодаи мусоидат дар масири эҳё ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти осоишта дар Афғонистон мебошад. Дар баробари ин, аз ҷомеаи байналмилалӣ боз ҳам даъват менамоям, ки бо мақсади пешгирӣ аз буҳрони башарӣ кумакҳои хешро ба мардуми азияткашидаи Афғонистон, аз ҷумла ба минтақаҳое, ки дар пайи офатҳои табиӣ зарар дидаанд, дареғ надоранд," -- афзуд ӯ.

Аммо Раҳмон ин бор аз ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон чизе нагуфт ва аз «Толибон» ҳам дигар интиқод накард.

XS
SM
MD
LG