Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи обу барқ дар бахшҳое аз пойтахти Украина


Киев, 26-уми августи 2024
Киев, 26-уми августи 2024

Мақомоти "Укрэнерго", ширкати давлатии энержии Украина, гуфтанд, ки рӯзи 26-уми август, дар пайи ҳамлаи густурдаи Русия бо мушаку ҳавопаймои бесарнишин ба Киев ва шаҳрҳои дигар ба таври изтирорӣ интиқоли нерӯи барқро қатъ карданд.

Виталий Кличко, шаҳрдори Киев, гуфт, интиқоли об ба бахшҳое аз пойтахт низ қатъ шуд.

Дафтари раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский дар паёме "майли Русияро барои нобуд кардани бахши энержии Украина" маҳкум кард ва қавл дод, ки баҳои ин кор ба Русия, "аз ҷумла зербунёдҳои ин кишвар", гарон хоҳад уфтод.

Ба гуфтаи мақомоти Украина, нерӯҳои Русия якбора чанд шаҳри Украинаро ҳадаф қарор дода, камаш се нафарро куштанд ва чанд тани дигарро захмӣ карданд.

Дар шаҳри Лутск як нафар кушта, як бинои истиқоматӣ зарар дидааст. Дар вилоятҳои Запорожйе ва Днепропетровск ду нафар кушта шудаанд.

Бар асари зарба ба як иншооти саноатӣ дар вилояти Полтава панҷ нафар маҷруҳ шуданд.

XS
SM
MD
LG