Пайвандҳои дастрасӣ

Қатар як наққоширо 300 млн доллар харид


Наққоши фаронсавӣ Пол Гоген

Як таблои Пол Гоген (Paul Gauguin), наққоши фаронсавӣ аз ду духтари маҳаллӣ аз Таҳитӣ, ба маблағи 300 миллион доллар ба фурӯш рафтааст.

Ба гузориши сайти Bloomberg, асари рассоми фаронсавӣ Пол Гоген бо номи "Кай издивоҷ хоҳӣ кард", ки дар соли 1892-и милодӣ офарида шудааст, бо 300 миллион доллар ба фурӯш рафтааст. Инак Rudolf Staechelin ба намояндагӣ аз Trust Rudolf Staechelin дар Шведсария таъйид кардааст, ки ин таблоро ба маблағи 300 миллион доллар фурӯхтааст. Бо вуҷуди ин, оқои Rudolf Staechelin маълумоти бештаре дар бораи харидории ин асари ҳунарӣ ироа накардааст.

Бинобар омори мунташиршуда аз сӯи маҷмӯаи таҳқиқотии "artnet" дар Ню-Йорк, тақрибан шаш сол пеш, дар соли 2009 арзиши молии кулли осори ҳунарии ба фурӯшрафта дар чаҳон баробар бо 6,3 миллиард доллар буд. Маблағе, ки дар соли ҷорӣ ба беш аз ду баробар афзоиш ёфтааст.

Ин табло ба қимати 300 миллион доллар ба фурӯш рафтааст.
Ин табло ба қимати 300 миллион доллар ба фурӯш рафтааст.

Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи "Times" ба нақл аз ду харидор, ки ба номҳои онҳо ишора накард, навишт, ки харидори таблои Пол Гоген, идораи кулли осорхонаҳои кишвари Қатар будааст.

Дигар манбаъҳои тахассусӣ низ бо зикр номи давлати Қатар ба унвони харидори таблои Пол Гоген гуфтаанд, ки маблағи пардохтшуда 300 миллион доллар буд. Ҳамин тавр, рекорди Имороти Муттаҳидаи Араб, ки ба миқдори 250 миллион доллар як асари рассомиро харидорӣ карда буд, шикаста шуд.

Имороти Муттаҳидаи Араб дар соли 2011 барои таблои "Варақи борон", асари Paul Cézanne’s, як наққоши фаронсавии дигар, 250 миллион доллар пардохт карда буд. ​Пеш аз ин гаронтарин таблои фурӯхташуда наққошии Франсис Бакон буд, ки дар ноябри соли 2013 ба маблағи 142,4 миллион доллар ба фурӯш рафта буд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG