Садҳо эътирозгарон дар се шаҳри Қирғизистон раҳпаймоӣ карда озод шудани се депутати парлумон аз ҳизбҳои мухолифинро талаб карданд. Серҷамъияттарин раҳпаймоӣ рӯзи сешанбе дар шаҳри Ӯш, бузургтарин шаҳри ҷануби Қирғизистон барпо шуд. Тибқи иттилои хабарнигори радиои Озодӣ дар Бишкек, назди эътирозгарон дар шаҳри Ӯш намояндаи ваколатдори ҳукумати дар ин вилоят Сооронбой Ҷеенбеков мулоқот кард. Ҷеенбеков ваъда дод, ки талаби эътирозгаронро ба мақомоти марказӣ мерасонад. Баъди ин, ба иттилои хабарнигори радиои Озодӣ дар Ӯш, эътирозгарон пароканда шуданд.
Айни замон, дар ду шаҳри дигари ҷануби кишвар - Ҷалолобод ва Қарақӯл раҳпаймоиҳо идома доранд. Садҳо эътирозгар дар маркази шаҳри Ҷалолобод мегӯянд, ки то замоне, ки раҳбарони мухолифин озод нашаванд, аз майдони марказӣ канор нахоҳанд рафт. Дар шаҳри шимолии Қарақӯл ҳудудан 400 тарафдори ҳизби мухолифи Ота-Ҷӯрт ба хиёбонҳо баромаданд.
Раҳбарони ҳизби Ота-Ҷӯрт ва аъзои парлумони амалкунанда – Қамчибек Тошиев, Содир Ҷабборов ва Таланд Мамитов барои доман задани эътирозҳои сартосарии соли гузашта муттаҳам мешаванд. Онҳо моҳи октябри порсол дар паи эътирозҳо боздошт шуда, ҳоло аз рӯи ин қазия дар шаҳри Бишкек мурофиаи судӣ ҷараён дорад. Мақомот гуфтаанд, ки нақши онҳо дар ташкили намоишҳои эътирозии хушунатомези октябри соли 2012, ки бо ширкати ҳазор нафар барпо шуд, хеле фаъол будааст.
Радиои Озодӣ