Бархе аз муштариёни бонкҳои Тоҷикистон аз маҳдудият дар интиқоли пул ба хориҷ, ба вижа Туркия, изҳори нигаронӣ мекунанд. Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ҳеҷ маҳдудият дар интиқоли пул ба хориҷа вуҷуд надорад.
Самад, як тоҷири тоҷик, ки чанд сол боз дар Туркия зиндагӣ дорад, гуфт, шариконаш натавонистаанд аз Тоҷикистон маблағи заруриро барои хариди мол ба ӯ фиристанд. Дар чанд бонки Тоҷикистон ба ҳамкорони ӯ гуфтаанд, ки интиқоли пул ба Туркия манъ аст.
Бархе аз коршиносон мегӯянд, ҳолатҳое мешаванд, ки бо баҳонаи соҳибкорӣ ва тиҷорат, пулшӯӣ сурат мегирад.
Яке аз корбарони Радиои Озодӣ ҳам ба мо навишт, ки хостааст, аз Душанбе ба як шарики тиҷориаш ба Туркия 2 ҳазор доллар фиристад, аммо дар бонк ба ӯ гуфтаанд, ҳақ надоранд, ба Туркия пул интиқол диҳанд. Ин корбар нусхаи як номае аз Бонки Миллиро ба мо фиристод, ки ба ташкилоти қарзӣ барои истифодаи хидматӣ фиристодаанд.
Дар нома омадааст, ки дар рӯйхати кишварҳо ва минтақаҳое, ки хатари афтодани пул ба дасти террристону гурӯҳҳои ифротӣ вуҷуд дорад ва ё мумкин аст, тағйиру иловаҳо ворид шудааст. Барои ҳамин, Бонки миллӣ аз муассисаҳои молӣ хостааст, дар сурати интиқоли пул ба кишварҳое, ки ба феҳраст ворид шудаанд, дар ҳамон рӯз ба ниҳодҳои дахлдор хабар бидиҳанд.
Дар нома омадааст, "бар асоси қонун дар бораи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои аз роҳи ҷиноят ба дастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дархост менамояд, ки аз санаи 7-уми январи соли 2019 сар карда, тамоми амалиёти бонкӣ ба давлатҳо, вилоятҳо ва минтақаҳои дар замима дарҷгардида ҳамчун амалиёти шубҳанок дар рӯзи гузаронидани амалиёт тавассути шакли ҳисоботии N101 "Оид ба амалиётҳои шубҳанок ва ҳатман назоратшаванда” пешниҳод карда шавад".
Чаро маҳз Туркия?
Дар Бонки миллӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ягон маҳдудият дар интиқоли пул ба кишварҳои хориҷ, аз ҷумла Туркия муқаррар нашудааст. Ба гуфтаи намояндаи ин бонк, "эҳтимол тибқи шартномаҳои дохилии худи бонкҳо интиқол маҳдуд шудааст".
Аммо зоҳиран бо ворид кардани Туркия ба руйхат, муассисаҳои қарзӣ аз бими гирифтор нашудан ба мушкил дар умум аз интиқоли пули муштариёни худ ба Туркия, худдорӣ меварзанд.
Ҳоло зимни интиқоли пул ба хориҷ аз ҷумла Туркия аввал аз шахс пурсида мешавад, ки ӯ ба кӣ ва бо кадом ҳадаф маблағ мефиристад. Намояндагони "Аввалин бонки молиявии хурд" мегӯянд, агар мизоҷ донишҷӯ бошад, бо пешниҳоди санади донишҷӯӣ метавонанд ба ӯ пул фиристанд, аммо агар шахси қабулкунанда соҳибкор бошад, дархости интиқоли пул рад мешавад. Дар мавриди маҳдудият барои интиқоли пул ба соҳибкорон масъулини бонк шарҳи бештар надоданд ва танҳо таъкид карданд, ки "аввал ин гап набуд, ҳоло чунин қоида ҳаст".
Бонкҳои Тоҷикистон то кунун бояд дар бораи ҳаргуна интиқоли пул ба Эрону Покистону, Куриёи Шимолӣ ва Яман ва чанд кишвари дигар ҳатман ба муассисаҳои марбут, ки ба муқовимат ба пулшӯӣ ва сармоягузории терроризм машғуланд, гузориш бидиҳанд. Ҳоло Туркия ҳам дар қатори онҳо ворид шудааст. Кишваре, ки садҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз тариқи он ба Сурияву Ироқ рафта ба сафи гурӯҳҳои тундрав пайвастаанд.
Мушкили интиқоли пул ба хориҷ дар 2 соли ахир
Дар маҷмӯъ сокинони Тоҷикистон тайи ҳудудан ду соли ахир дар ирсоли маблағ ба хориҷи кишвар, аз ҷумла барои фарзандони донишҷӯи худ мушкил мекашанд. Дар баъзе бонкҳо дархост барои фиристодани доллар ба наздиконашон, рад мешавад. Бонки "Эсхата" дар як моҳи ахир умуман ирсоли пул ба хориҷро қатъ кардааст.
Маҳдудият дар интиқоли пул бештар ба кори онҳое халал ворид мекардааст, ки аз Туркия тариқи шиносу наздикон молу коло ворид мекунанд. Бархе аз ин соҳибкорон мегӯянд, бе ин ҳам бар асоси дастурамали Бонки миллӣ дар соли 2017, ки интиқоли пул ба шаҳрвандони хориҷиро манъ кард, онҳо аз имкониятҳое, ки кору тиҷораташонро осону қулай мекард, маҳрум шуданд.
Дилафрӯз, соҳибкори фурӯшгоҳи "Садбарг"-и Душанбе мегӯяд, ҳоло аз мағозаҳои зиёде дар Туркия имкони харидуфурӯш тавассути интернет вуҷуд дорад, аммо чун онҳо ҳаққи фиристодани пул ба шаҳрвандони хориҷро надоранд, маҷбуранд худашон ба Туркия сафар кунанд ва ё аз кӯмаки шиносҳои тоҷикашон дар ин кишвар барои фиристодани молу коло ба Душанбе истифода баранд.
"Масалан мо метавонистем молҳои ин мағозаҳоро тавассути интернет интихоб кунем ва ба онҳо пул фиристему борро аз ин ҷо бигирем. Аммо ҳоло бо ин роҳ намешавад ва мо аз ҳар ҷо доллар ҷамъ карда, барои харидани бор худамон ба Туркия меравем",-мегӯяд, ӯ.
Туркия аз ҷумлаи кишварҳоест, ки бо Тоҷикистон додугирифти зиёд дорад. Маъмулан соҳибкорони тоҷик, молу колоро дар баробари Чин аз Туркия ворид мекунанд.
Чаро интиқоли пул ба хориҷ маҳдуд шуд?
Нигаронии сокинон аз мушкил шудани интиқоли пул ба хориҷ дар ҳолест, ки ба гуфтаи иқтисоддонҳо, чанд омил метавонад боис ба танзим ё маҳдуд шудани низоми интиқоли пул дар бонкҳои Тоҷикистон шавад. Ба бовари баъзе аз онҳо камбуди асъори хориҷӣ як сабаб буда метавонад.
"Сабаб пеш аз ҳама кам шудани миқдори асъори хориҷӣ аз ҷумла доллару евро аст. Пеш беш аз 400 ҳазор тонна алюминиум мефурӯхтем, 250- 300 ҳазор тон нахи пахта мефурухтем, асъори хориҷӣ ворид мешуд. Ҳозир ин маблағ ду се маротиба кам шудааст. Ду-се маҳсулоте, ки доллар меовард, ҳоло вазъият вазнин. Аз сӯйи дигар, як манбаи аслии дигари даромади пули хориҷӣ, тавассути интиқоли маблағ аз сӯи муҳоҷирон буд. Дар ин авохир, 1,9 миллиард маблағ аз ҷониби муҳоҷирон ворид шудааст. Ин беш аз 2 маротиба кам аст",- гуфт Нуриддин Қаюмов, иқтисоддони тоҷик.
Пешгирӣ аз пулшӯӣ?
Аммо ба гуфтаи бархе аз дигар коршиносон, ин маҳдудиятҳо эҳтимол паҳлӯҳои дигар ҳам дорад. Меҳрубон Бурҳонов, иқтисоддони ҷавони тоҷик мегӯяд? "ҳолатҳое мешаванд, ки бо баҳонаи соҳибкорӣ ва тиҷорат, пулшӯӣ сурат мегирад. Яъне дар асл интиқоли пул на барои тиҷорат сурат мегирад, балкӣ асъори хориҷӣ ба минтақаҳои офшорӣ ва дигар ҷойҳо интиқол мешавад".
Тоҷикистон, ки узви гуруҳи ФАТФ аст, ӯҳдадории байналмилалӣ гирифтааст, ки бо пулшӯӣ ва сармоягузории терроризм мубориза барад. Аммо шаҳрвандон бо ҷонибдорӣ аз талошҳои ҷилавгирӣ аз сармоягузории терроризм мегӯянд, ин кӯшишҳо набояд ҳуқуқи онҳоро дар харҷи озодонаи пулҳояшон маҳдуд кунад.