Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Қирғизистон бастани “Kloop”-ро шарҳ дод


Содир Ҷабборов
Содир Ҷабборов

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов қарори додгоҳи шаҳри Бишкек дар бораи бастани расонаи мустақили “Kloop”-ро дар он кишвар шарҳ додааст.

“Додрасҳо бидуни асос қарор содир намекунанд. Шумо худ шоҳид будед, ки онҳо чандин бор матлабҳои якҷониба ва дуруғ нашр карданд”, - изҳор доштааст Ҷабборов дар суҳбат бо хабаргузории расмии “Кабар”.

Ба гуфтаи ӯ, тӯли 30 сол дар Қирғизистон анархия бо демократия ва ғайбат бо озодии баён омехта буд. Аммо ҳоло ҷомеаи Қирғизистон аз ин “бемориҳо” шифо меёбад.

Додгоҳи Бишкек рӯзи 9-уми феврал бо талаби Додситонии пойтахти Қирғизистон дар бораи барҳам додани Бунёди иҷтимоии “Kloop Media” қарор бароварда буд.

Додситон Эмилбек Абдуманнофов тобистони соли 2023 иддао карда буд, ки матлабҳои расона “рӯҳияи манфӣ” доранд ва ҳадафашон “бадном кардани мансабдорон аст”.

Масъулони “Kloop Media” гуфтанд, бо қарор розӣ нестанд ва ба зинаҳои болотари додгоҳ шикоят хоҳанд кард.

Сомонаи “Kloop” бо талаби Вазорати фарҳангу иттилоот, варзиш ва ҷавонони Қирғизистон аз моҳи сентябри соли 2023 дар ин кишвар дастнорас аст. Сабаби ин тасмим матлабе “дар бораи шиканҷаи фаъолони сиёсии мухолиф” гардид.

XS
SM
MD
LG