Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарони Ҷамъиятҳои Ҳилоли Аҳмари форсизабон дар Душанбе


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Раҳбарони Ҷамъиятҳои Ҳилоли Аҳмари кишварҳои форсизабон аз Тоҷикистон боздид мекунанд.

Ба иттилои масъули иттилоот ва тамос бо ҷомеаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, Абулҳасан Фоқеҳ, президенти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон ва Фотима Гелонӣ, котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Афғонистон аз 16-ум то 20-уми ноябри соли ҷорӣ аз Тоҷикистон боздид хоҳанд кард. Бону Гелонӣ рӯзи 15-уми ноябр бо иттифоқи ҳайати ҳамроҳаш вориди Душанбе шуд ва сафари ҷаноби Фоқеҳ имрӯз, 17-уми ноябр оғоз меёбад.

Тибқи иттилои ин манбаъ, дар ҷараёни боздиди худ аз Тоҷикистон, раҳбарони Ҷамъиятҳои Ҳилоли Аҳмари кишварҳои ҳамзабон бо мақомоти расмии Тоҷикистон ва кормандону ихтиёриёни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва намояндагиҳои байнулмилалии Ҳаракати Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар кишвар мулоқот хоҳанд кард. Онҳо бо шиносоӣ ба фаъолиятҳои Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, имкони тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаву сеҷонибаро баррасӣ менамоянд.

Ҳамчунин, дар ҷараёни боздиди худ меҳмонон шоҳиди тамриноти шӯъбаи мудирияти офатҳои Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар шаҳри Қурғонтеппа шуда, урдугоҳи байнулмилалии муштараки Ҳилоли Аҳмари Эрону Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб ва бинои нави дармонгоҳи муштараки Ҳилоли Аҳмари Эрону Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо боз хоҳанд кард ва аз фаъолияти ҶҲАТ ва бахши он дар ноҳияи Файзобод шинос хоҳанд гашт.

Дар ҷараёни ин боздид роҳҳои густариши ҳамкориҳо ва фаъолиятҳо миёни се Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар ва имкони роҳандозии лоиҳаҳои муштарак баррасӣ мешавад. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аз нахустин созмонҳои ёрирасон ва башардӯстона дар кишвар буда, аз соли 1927 ба ин сӯ ба осебдидагон аз офатҳои табиӣ ва мардуми ниёзманд дасти ёрӣ дароз мекунад.
XS
SM
MD
LG