Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пажӯҳиш: Беш аз сеяки кӯдакон аз наздикбинӣ азият мекашанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Тибқи як пажӯҳиш, ки дар маҷаллаи "British Journal of Ophthalmology" нашр шудааст, дар соли 2023 беш аз сеяки кӯдакон дар ҷаҳон аз наздикбинӣ азият мекашад ва интизор меравад ин омор то соли 2050 тақрибан ба 40 дарсад афзоиш ёбад.

Ин пажӯҳишро муҳаққиқони Донишгоҳи Сун Ятсен дар Чин анҷом додаанд ва натиҷаи 276 пажӯҳишро бо ширкати беш аз 5,4 миллион кӯдак ва навҷавонон таҳлил кардаанд.

Сатҳи баландтарини наздикбинӣ дар кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, аз қабили Ҷопон (86%) ва Кореяи Ҷанубӣ (76%) сабт шудааст.

Дар саросари ҷаҳон, кӯдакони шаҳрӣ аз ин беморӣ бештар аз кӯдакони деҳот ва духтарон бештар аз писарон азият мекашанд.

Ин пажӯҳиш ба волидон тавсия додааст, ки кӯдаконро ба машқҳои ҷисмонӣ ташвиқ кунанд ва истифодаи телевизор ва интернетро маҳдуд намоянд.

XS
SM
MD
LG