Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маълумот дар бораи Нуралӣ Қурбонов


Нуралӣ Қурбонов баъд аз хатми донишгоҳи политехникии шаҳри Душанбе аслан дар созмонҳои комсомолии вақт дар ноҳияҳои Қумсангиру Колхозобод ва вилояти Қурғонтеппа ва баъдан вилояти Хатлон кор карда ва то ба мақоми Котиби якуми кумитаи комсомоли Тоҷикистон расидааст. Вай ин мақомро солҳои 1989-1991 уҳдадор буд. Соли 1991 комсомол аз байн рафт. Ба ҷои вай Созмони Ҷавонони Тоҷикистон ташкил шуд ва Қурбонов то соли 1992 раиси ин созмон буд. Соли 1992 дар оғози нооромиҳои Тоҷикистон чанд моҳ дар мақоми раиси вилояти Қурғонтеппа кор кард. Соли 1993 ба Русия кӯч баст ва бештар бо корҳои илмӣ машғул шуд.
Аз соли 1996 то моҳи августи соли 2013 дар Академияи Хадамоти Давлатии назди раёсати ҷумҳурии Русия кор кард ва дар он ҷо рисолаҳои илмии номзад ва доктори улуми иқтисодро ҳимоя кард ва ҳамзамон ба дарёфти унвони профессор ноил шуд.
Аз моҳи августи соли 2013 декани факултети муносибатҳои байналмиллалӣ ва асосҳои ҳуқуқиву иқтисодии донишгоҳи давлатии кофтукови геологии Русия мебошад. Вай фаъолияташро дар Академияи Хадамоти Давлатии назди раёсати ҷумҳурии Русия низ давом медиҳад. Қурбонов ҳамзамон узви Шӯрои Ҷамъиятии назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав мебошад.
XS
SM
MD
LG