Дар ҷамоати Чоркӯҳи Исфара барои ҷалби ҷавонон ба артиш дар тақрибан 2 мавсими ахири даъват, аз чанд усули ғайриоддӣ кор гирифтаанд. Дар бархе аз маҳалаҳои ҷамоати чоркӯҳи Исфара ба гуфтаи сокинон тирамоҳи имсол чанд ҷавон аз роҳи қуръапартоӣ, ба хизмат фиристода шуд.
Ин шеваи ҷалби ҷавонон ҳам ба хотири аз байн бурдани баҳсу нигарониҳо атрофи нобаробариҳо байни қишри дорову нодор зимни интихоби наваскарон роҳандозӣ шудааст. Истифода аз усули қуръапартоӣ дар интихоби наваскарон ҳам ба гуфтаи як масъули ҷамоати Чоркӯҳ, бо пешниҳоди кумитаи маҳаллаҳо ва сокинон аз ҷумла дар маҳаллаи Хелейсон ва Лангар сурат гирифтааст.
Бархе аз дигар сокинони маҳаллаҳои Чоркӯҳ агарчӣ медонанд, ки истифода аз усули қуръапартоӣ дар ҷалби даъватшавандаҳо қонунӣ нест, аммо мегӯяд аз истифодаи ин усул розиянд.
Ин масъул, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард гуфт, “номи даъватшавандаҳо дар варақаҳо навишта мешавад. Бачаҳои яккаписарро аз ин рӯйхат берун меоранд ва ҳамин тавр лоторея мекунанд. Як писари хурдсол омада, як-як коғазро берун меорад. Агар 4 ё 3 тои аввал номи касе баромад, ӯ бояд ба хизмат равад.”
Ҷамоати Чоркӯҳ, яке аз калонтарин ҷамоатҳои Исфара ҳудудан 40 ҳазор аҳолӣ ва 29 маҳалла дорад. Дар ҳамин ҷамоат беш аз 2000 ҷавони синни даъватӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз рӯи нақшаи даъват ба хизмат ҳар мавсим бояд 30 ҷавон ба артиш сафарбар шавад. Вақте нақшаи даъват бо ҷавононе, ки довталабона ба хизмат мераванд, пур нашуд, ба ҳар маҳалла супориш дода мешавад, ки як теъдоди муайяни ҷавонони синни даъватро ба хизмат ҷалб кунанд.
Содиқҷон -- як сокини кӯҳансол дар маҳаллаи Лангари ҷамоати Чоркӯҳ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “агар масалан, нақшаи ҷамоат 30 то ва камтар аз меъёри муайяншуда бошад, маҷлис мешавад ва инро ба 29 маҳал тақсим мекунанд. Ба ҳар маҳалла вобаста ба шумори аҳолиаш супориш мешавад, ки аз 1 то 4 сарбозро ҷалб кунанд. Баъд номи ҳамаи ҷавонони синни даъватиро дар ҳар маҳалла алоҳида дар варақаҳо менависанд.”
Ба гуфтаи ин мусоҳиби мо, қуръапартоӣ ё усули нави ҷалби ҷавонон ба хизмат, дар ин маҳалла мавсими баҳору тирамоҳӣ соли гузашта истифода шудааст. Ҷавони дигаре, ки худро Мустафо муаррифӣ кард, мегӯяд, сабаби истифода аз ин шеваи ҷалб ба хизмат ҳам вуҷуди нобаробарӣ ва ҳам саркашии бархе аз хонаводаҳо барои фиристодани фарзандони худ ба артиш буд. Ба гуфтаи ӯ “дар гузашта нобаробариҳо буд ва бепулҳо мерафтанду пулдорҳо не. Баъд маслиҳат шуд, ки аз ҳамин шева кор бигирем.”
Мустафо ва бархе аз дигар сокинони маҳаллаҳои Чоркӯҳ агарчӣ медонанд, ки истифода аз усули қуръапартоӣ дар ҷалби даъватшавандаҳо қонунӣ нест. Аммо мегӯяд аз истифодаи ин усул розиянд. Аммо онҳое ҳам ҳастанд, ки ба шаффоф будани ин шеваи интихоби наваскарон бовар надоранд ва мегӯянд, боз ҳам дар аксар ҳолат зимни қуръапартоӣ бештар номи ҷавонон аз оилаҳои камбизоат меафтад.
Нуриддин Рустамов, раиси ҷамоати Чоркӯҳ аз истифодаи усули қуръапартоӣ дар интихоби ҷавонон ба хизмат дар бархе аз маҳаллаҳои Чоркӯҳ бехабарӣ кард ва гуфт, онҳо танҳо ба кумитаи маҳалҳо тавсия медиҳанд, ки бо роҳи машварату тарғиб теъдоди муайяншудаи ҷавонҳои синни даъватиро аз маҳали худ ба хизмат фиристанд. Вале ба гуфтаи раиси ҷамоат, бархе аз маҳаллаҳо барои ҷалби ҷавононе, ки ноноварӣ хона ҳастанд ба хизмат ба хонаводаҳои онҳо кӯмаки молӣ ваъда мекунанд.
“Масалан ба хонаводаи даъватшавандаҳое, ки дар муҳоҷиратанд, аҳли маҳалла имтиёз медиҳад ва мегӯяд, ки шумо ба хонаводаи дигаре, ки фарзанди онҳо ба хизмат меравад, бояд кӯмаки молӣ расонед. Агар албатта он хонавода камбизоат ва ба кӯмак ниёз дошта бошад.”
Шеваи дигари ғайримаъмулие, ки дар ин минтақа барои сафарбарсозии ҷавонон ба хизмат истифода мешавад, ин дар машварат бо волидон ва бо пули “фонди маҳалла”аз Русия овардани ҷавонони синни даъват ва ба хизмат равон кардани онҳо аст.
Раъно Содиқова, як масъули ҷамоати Чоркӯҳ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “баъзе маҳаллаҳо ҳамин чизро ташкил карданд. Масалан, баъзе бачаҳое ҳаст, ки мераванд ба Русия, вале ҷойи кори аниқ надоранд, беҳуда мегарданд, омада наметавонанд. Агар розӣ бошанд, бо падару модарашон машварат мешавад ва барояш чипта харида мешаваду ба хизмат меоянд.”
Бино ба иттилои масъулини ҷамоати Чоркӯҳи Исфара, ҳамакнун ба ҷавонони синни даъвати ҳарбие ҳам, ки барои издивоҷ ва сабти ақди никоҳи худ ба ҷамоат муроҷиат мекунанд, агар хизмат нарафта бошад, тавсия мешавад, ҳатман баъд аз издивоҷ ба хизмат раванд.
Ин ҳама ба гуфтаи масъулин, ба хотири аз байн бурдани “облава” ё ҷалби иҷбории ҷавонон ба хизмат рӯйи даст гирифта шудааст. Бархе аз сокинон ҳам ба ин боваранд, ки ҳоло ин усулҳо роҳи беҳтар ва одилонаи сафарбар кардани ҷавонон ба хизмат дар артиш аст.
Дар Тоҷикистон даъват ба хидмат дар артиш соле ду бор - баҳору тирамоҳ сурат мегирад ва дар ҳар даъват аз 15 то 16 ҳазор ҷавони аз 18 то 27-сола ба хидмати ҳатмии аскарӣ ҷалб мешаванд.