Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳалол" ё "ҳаром"? Доваронро барои ноҳаққӣ муҷозот мекунанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар толору майдонҳои варзиш гоҳҳо на пирӯзии варзишгарон, балки ноҳақ ҳукм кардани доварон мухлисонро ба шӯр меорад. Ин гуна саҳнаҳо дар Тоҷикистон бештар дар бозии футбол ва мусобиқаи гуштӣ мушоҳида мешавад. Мухлисони гуштӣ – маъмултарин варзиш дар Тоҷикистон дар ин гуна ҳолатҳо ба сӯи довар «ҳаром! ҳаром!» нидо мекунанд. Ҳолатҳои норизоятии мухлисон аз амалкарди довар ва ба беназмӣ печидани мусобиқаҳо низ дар Тоҷикистон сабт шудааст.

Собиқадорони варзиш мегӯянд, ки дар шароити феълӣ варзиш ба як индустрияи тафреҳ ва манбаи даромад низ табдил шудааст ва аз ин рӯ дар мусобиқоти варзишӣ роҳҳои зиёди хилофкорӣ пайдо шудаанд.

Дар ин росто Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар Тоҷикистон лоиҳаи нави қонуни дар барои варзиш ва тарбияи ҷисмониро таҳия кардааст. Қонуни нав банде хосе дорад, ки «бо пора харидани доварон, мураббиён ва варзишгаронро» барои ба даст омадани натиҷаи дилхоҳи мусобиқа манъ мекунад. То кунун чунин банди хосе дар қонуни варзиши Тоҷикистон нест. Бар тибқи ин тарҳ, дар сурати собит шудани ришватхорӣ ва ғалатдоварӣ бар суди як ҷониби мусобиқа, довар ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашонида мешавад.

Варзишгароне, ки бо маслиҳати пешакӣ ва додани маблағ, ё дигар намуди дороиҳо дар мусобиқа пирӯз шудаанд, аз ҳаққи идомаи ширкат дар мусобиқоти минъбада маҳрум – дисквалифиткасия мешаванд. Бар илова, ин қонун ҳамчунон маҳрум сохтани федератсияҳои варзишӣ аз акретидатсияи давлатиро муқаррар кардааст.

Ризо Назарзода, муовини раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш рӯзи 18-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "айни замон кумита фикру андешаи муттахассисонро дар робита ба тарҳи нави ин қонун меомӯзад ва пас аз он ба унвонии ҳукумат ва аз он ҷо ба Маҷлиси намояндагон хоҳад рафт». Ин масъули Кумитаи варзиш ва сайёҳӣ афзуд, қонуни варзиш, ки айни ҳол амал мекунад, ҳама ҷанбаҳои варзишро танзим намекунад ва аз ин рӯ зарурати таҳияи як қонун нав ба миён омад.​

Моҳи декабри соли 2015 Конфедератсияи футболи Осиё-AFC довари тоҷик Парвиз Муртазоевро барои ҳамеша аз ҳакамӣ маҳрум кард.
Моҳи декабри соли 2015 Конфедератсияи футболи Осиё-AFC довари тоҷик Парвиз Муртазоевро барои ҳамеша аз ҳакамӣ маҳрум кард.

Иқдоми Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар амри ҷилавгирӣ аз хариду фурӯш, муомила миёни рақибон ва ташкили мусобиқоти қаблан маслиҳатшуда дар ҳолест, ки дар гузашта чанд ҳолати чунин хилофкориҳо дар варзиш расонаӣ шуда буд. Моҳи декабри соли 2015 Конфедератсияи футболи Осиё-AFC довари тоҷик Парвиз Муртазоевро барои ҳамеша аз ҳакамӣ маҳрум кард.

Конфедератсияи футболи Осиё Муртозоеви 30-соларо ба он айбдор кард, ки қасди дахолат дар натиҷаи бозии қаҳрамонии Осиё-2015 миёни дастаҳои то 19-солаи Малдив ва Тоҷикистонро дошт. Парвиз Муртазоев, ки нозири ин бозӣ будаааст, талош кардааст то натиҷаи бозиро бо довар муомила кунад, аммо довар тибқи қонунҳои AFC амал карда ва дар ин бора ба Конфедератсияи футболи Осиё иттилоъ дод.

Ба ҷуз аз футбол шикоят аз ғалатдоварӣ дар Тоҷикистон бештар аз доварони гуштӣ баланд мешавад. Айни чунин як моҷаро дар поёни моҳи марти соли 2017 дар Душанбе сар зад. Дар мусобиқаи гуштии бахшида ба ҷашни Наврӯз довар барои як огоҳие, ки варзишгар Комроншоҳ Устопириён дар аввали бозӣ гирифта буд, Саидҷалол Саидовро баранда эълон кард.

Чанде пас дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое нашр шуд, ки дида мешавад Устопириён дар ҳоли рафтан аз майдон бо ишораи даст дашном медиҳад. Бисёре аз шоҳидони мусобиқа гуфтанд, ки дар ин қувваозмоӣ пирӯзӣ насиби Комроншоҳ буд, вале зоҳиран довар нодида гирифтааст. Барои “рафтори берун аз одоби варзишӣ” Кумитаи ҷавонон ва варзиш Комроншоҳро барои ду сол аз ширкат дар мусобиқоти дохилӣ маҳрум кард.

Маҳмурод Шамсиев, як ҷавони тоҷик, ки солҳо машқи гуштӣ мекард, мегӯяд, маҳз ноҳақиву тарафгирии ҳакамон, ӯро аз варзиш дилсард кард. Ӯ гуфт: “Дар чандин мусобиқаҳо доварон дар нисбатам ноҳақӣ карданд. Партоби ҳаромро ҳалол гуфта, ҳарифонамро ғолиб гуфтанд, дигар дилам якбора аз варзиш монд. Чун тарафкашии довар нисбат ба ҳарифонам баръало рушан буд, вале ман каси пуштибон надоштам. Барои ҳамин ҳоло дар мусобиқаҳо ширкат намекунам, танҳо барои худам варзиш мекунам”.

Зимнан тарҳи нави қонуни тарбияи ҷисмонӣ банде низ дорад, ки варзишгаронро аз шартгузорӣ дар марказҳои букмекерӣ ва тотализаторҳо манъ мекунад. Дар ин бобат гуфта мешавад, ки варзишгар ҳаққ надорад дар чунин марказҳо дар риштаи варзише, ки тамрин мекунад, шартгузорӣ кунад. Ин банд боз ҳам ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳолати маслиҳати пешакии варзишгар бо чунин марказҳо ва ба даст овардани натиҷаи қаблан машваратшуда ҷо карда шудааст.

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Собиқадорони варзиш мегӯянд, ки дар шароити феълӣ варзиш ба як индустрияи тафреҳ ва манбаи даромад низ табдил шудааст ва аз ин рӯ дар мусобиқоти варзишӣ роҳҳои зиёди хилофкорӣ пайдо шудаанд, ки қонунҳои кишвар барои ҷилавгирӣ аз онҳо бояд мутобиқ шаванд.

Наргис Набиева, камонвар ва собиқ масъули Кумитаи ҷавонон ва варзиш мегӯяд, пешбинии ҷазо барои ҷилавгирӣ аз ташкили “мусобиқот бо маслиҳати пешакӣ” айни ҳол ба вуҷуд омадааст. Ӯ гуфт: “Дар варзиши касбӣ мо шоҳиди на танҳо харидани довар, балки бо пул моил кардани бозигаронро мушоҳида мекунем. Дар таҷрибаи кори ман дар кумита як ҳолат соли 2007 рух дода буд. Як гуштигир арз кард, ки дар ҷараёни мусобиқаи гуштӣ дар ҷашни Наврӯз довар дар нисбати ӯ ноҳақӣ карда тарафи рақибашро гирифтааст.”

Хонум Набиева афзуд, он замон раиси кумита Давлаталӣ Саидов буд ва бо дастури ӯ сабти наворҳои бозӣ аз талевизион дастрас шуда, ҳакамии довар бо ҳузури доварони пуртаҷриба аз ҷумла шодравон Боқиев баррасӣ шудааст. "Дар натиҷаи ин баррасӣ, ғалати довар исбот шуда, ӯ аз ҳаққи доварӣ маҳрум шуд",- хулоса кард Набиева.

XS
SM
MD
LG