Коргардони тоҷик Аъзами Розиқ ин филмро бар пояи романи “Марги журналист”-и Хуршеди Атовуллоҳ, сардабири нашрияи “Фараж”, ба навор гирифтааст. Ҷаноби Розиқ мегӯяд, ин романро ӯ дар овони донишҷӯияш хонда буд ва аз он замон тарҳи таҳияи як чунин филмро мекашид.
Аъзами Розиқ, коргардони тоҷик, 29 сол дорад ва дар ноҳияи Ёвон таваллуд шудааст. Ӯ соли 2007 Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм карда, як сол дар Театри ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов кор мекунад ва сипас ба Театри Лоҳутӣ меояд.
Ӯ дар тӯли фаъолияти тақрибан ҳафтсолаи ҳунармандияш дар намоишномаҳои "Маликаи Турондухт", "Ҳисоби дӯстон дар дил", "Хизматгори ду хоҷа" ва намоиши "Куруш ва Томирис" нақшҳои асосиро бозидааст.
Сӯҳбати ҳамкори мо, Зарангези Наврӯзшоҳ, бо коргардон ва ҳунарманд Аъзами Розиқ пеш аз намоиши филми нави ӯ - “Журналист” сурат гирифт. Зарангез нахуст аз Аъзам пурсидааст, чаро дар ҳоле ки аксар ҳамсолони ӯ аз пайи таҳияи филмҳо дар мавзӯъҳои ишқу ошиқӣ ҳастанд, ӯ ба мавзӯи детективӣ ва зиндагиномаи як журналист рӯ овардааст?