Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи гӯшт дар Тоҷикистон боло рафтааст


Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ
Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ

Нархи гӯшт дар бозорҳои шаҳри Душанбе ва атрофи он боло рафтааст. Дар баъзе аз бозорҳои пойтахти Тоҷикистон ҳоло нархи як кило гӯшти гов аз 80-82 сомонӣ зиёдтар аст. Нархи гӯшти гӯсфанд ва буз 85 сомонист.

Ин дар ҳолест, ки як ҳафта пеш нархи гӯшти гов дар кишвар ба ҳисоби миёна 71 ва гӯсфанд 75 сомонӣ буда, танҳо дар Панҷакент ва Хуҷанд аз 80 сомонӣ гузашта буд. Арзонтарин нарх дар Хоруғ ба сабт шудааст, ки 64 сомониро ташкил медод.

Фурӯшандаҳо сабаби гарон шудани гӯштро ба манъи чорворпарварӣ дар атрофи Душанбе пайванд медиҳанд.

Чанд тоҷир дар суҳбати бидуни микрофон гуфтанд, қаблан дар минтақаҳои атрофи Душанбе, ки ба ноҳияи Рӯдакӣ шомил мешуд, сокинон чорво парвариш карда, ба бозор мебароварданд. Баъди ҳамроҳ шудани ин минтақаҳо ба шаҳри Душанбе ва сахттар шудани назорат, ба гуфтаи онҳо, чорво камчин шуда, нархи гӯшт афзуд.

Барномаи ғизои Созмони Милал, ки нархи маҳсулотро дар бозорҳо назорат мекунад, навиштааст, нархи як кило гӯшт дар Душанбе қариб 79, дар Хуҷанд 65, Бохтар қариб 78, Кӯлоб қариб 69 ва дар Хоруғ 64 сомонӣ будааст.

XS
SM
MD
LG