Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бори шубҳаовар: соҳиби моли ҳавопаймои суқуткарда пайдо нашуд. ВИДЕО


Аз суқути фоҷеабори ҳавопаймои борбари як ширкати туркӣ дар хоки Қирғизистон 18 рӯз мегузарад ва то рафт саволҳо дар масъалаи ҳадафҳои аслии кӯшиши нишасти нобарори он, ки боиси марги 39 нафар шуд, баландтар садо медиҳанд. Дар қаламрави рустое атрофи фурудгоҳи байналмилалии Манас дар Қирғизистон ҳанӯз ҳам осори бор ва худи ҳавопаймои борбари туркӣ - шикастапораҳои телефонҳои iPhone, анвои мухталифи техникаи замонавӣ, фандақҳои навъи олӣ ва дигар мавод ба чашм мерасад.

Суқути ҳавопаймои навъи MyCargo 747-400 субҳи барвақти рӯзи 16 январ, ки эҳтимолан бар асари тумани шадид рух додааст, бо марги чор сарнишин ва 35 сокини деҳаи Дача Суу анҷомид. Нисфи қурбониҳо кӯдак буданд.

То рафт шубҳаи мо дар заминаи истифодаи ҳамешагии фурудгоҳи Манас бо ҳадафҳои қочоқи бору мол афзоиш меёбад. Омурбек Текебоев

Бо гузашти наздики се ҳафта аз ин фоҷеа, дар ҷомеаи Қирғизистон саволҳо дар масъалаи ҳадафҳои нишасти ҳавопаймо дар он субҳи содиқ дар баландтар садо медиҳанд ва шубҳаи аслӣ ин аст, ки бори ин ҳавопаймо – моли бозори сиёҳи мансабдорони қирғиз буд.

Дар сӯҳбат бо бахши қирғизии радиои Озодӣ Омурбек Текебоев, узви собиқадори маҷлис ва муовини раиси комиссиюни парлумонии муҳаққиқи ин фоҷеа гуфт, “бахше аз борҳои дохили ин ҳавопаймо воқеан ҳам шубҳаангез аст”. Вай гуфт, то рафт шубҳа дар заминаи истифодаи ҳамешагии фурудгоҳи Манас бо ҳадафҳои қочоқи бору мол афзоиш меёбад. Текебоев гуфт, ки комиссиюни таҳқиқи ин ҳодисаро идома медиҳад ва қарор аст охири моҳи феврал натиҷаҳои он эълон шавад.

Марги тақрибан 40 нафар дар суқути ҳавопаймо дар Бишкек
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:10 0:00

Зарурати сӯхтгирӣ набуд?

Парлумони Қирғизистон як ҳайати 11-нафараи комиссиюни таҳқиқи суқути ҳавопайморо таъсис додааст, ки ба он намояндагони 6 ҳизби сиёсии ин кишвар ворид шудаанд. Ҳадафи онҳо – мушаххас кардани шахсияти қабулкунанади бори машкук ва ҳадафҳои ниҳоии ин бор аст. Яке аз ҳадафҳои кори комиссиюн - посух ёфтан ба ин савол аст, ки то куҷо иддаҳо дар заминаи зарурати сӯхтгирӣ кардани ҳавопаймо дар Қирғизистон ҳақиқат дорад. Борбари 86-тоннагӣ аз Ҳонг-Конг ба Истамбул парвоз мекард ва дар роҳ дар фурудгоҳи Қирғизистон мехост ист кунад.

Шоҳидони айнӣ дар сӯҳбат бо бахши Қирғизии радиои Озодӣ гуфтанд, ки баробари ба замин задани ҳавопаймо полис ва кормандони изтирорӣ ба маҳалли фоҷеа шитофтанд ва ҳамон лаҳза мавридҳои ғорати бори ба замин рехта шурӯъ шуд. Як писарбача гуфт, ходими полисеро дидааст, ки “куртаи танашро кашида онро бо телефонҳои наву осебнадидаи мобил пур мекард”.

Шарҳҳои зидду нақизи ҳадафҳои нишасти ҳавопаймо

Текебаев мегӯяд, шубҳаи онҳоро дар заминаи ҳадафҳои нишасти ҳавопаймо маълумоти зидду нақизе афзоиш медиҳад, ки аз ҷониби сатҳҳои гуногун ба даст меояд. Вай гуфт, то имрӯз изҳорот ё шарҳҳои ҳукумати Қирғизистон ва ширкати ҳавоии Туркия бо ҳам ихтилоф доранд. Вай инчунин мақомоти фурудгоҳи Манасро ба боди танқид кашид, ки бархе мақомоташ ба таври ошкоро ҳамкорӣ бо комиссиюни таҳқиқотиро рад кардаанд.

Бусра Гӯкзай, мушовири мудири ширкати ACT Airlines, ки ҳавопаймои суқуткарда моли он буд, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз Истамбул рӯз 18 январ, яъне ду рӯз баъди фоҷеа гуфт, ҳадафи нишасти ҳавопаймо дар Бишкек – дастрас кардани бори дохили он буд. Бо пахши изҳороте рӯзи 19 январ ин ширкат гуфт, ки замони тарки Ҳонг Конг ҳавопаймо захираи зарурии маводи сӯхтро дар ихтиёр ва имкони бидуни ист расидан то фурудгоҳи Истамбулро дошт.

Вале дар Бишкек муовини раиси кулли ин ширкат Ҳамза Тиглай дар як навори видеоии вазорати ҳолатҳои изтирории Қирғизистон гуфт, ки ҳадафи нишасти ҳавопаймо – сӯхтгирӣ ва тағйири ҳайати халабонҳо буд. Ӯ дар ин сӯҳбаташ гуфт, ки ба ҳеҷ сурат ҳадафи ҳавопаймо интиқоли бор набуд.

Дар ҳоле, ки айни ҳамин посухро ба хабарнигорон мақомоти фурудгоҳ ҳам медиҳанд, вале ҳеҷ нафари онҳо омода намешавад, ки санаду мадорики тасдиқкунандаи ин ҳарфҳояшонро намоиш диҳанд. Комиссиюни парлумонӣ аз фурудгоҳ тақозо кардааст, ки маълумотро дар бораи 51 парвози пешинаи ҳавопаймои MyCargo аз Ҳонг Конг то Манас ба онҳо пешниҳод кунад. Вале, ба гуфтаи Текебоев, ҳеҷ санаде дарёфт нашуд. Вай гуфт, “ҳоло онҳо шояд барои сохтакории санадҳо барои таслим ба комиссиюн вақтро кашон медиҳанд”.

Мотам ба ёди қурбониҳои садамаи ҳавопаймо дар Қирғизистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:45 0:00

Математикаи парвоз

Доналд Натсон, як мутахассиси байналмилалии соҳаи авиатсия дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки ҳавопаймои суқуткарда тавони бидуни мушкил тай кардани масофаи 9000 км роҳро дорад. Роҳ аз Ҳонг Конг то Истамбул тахминан 8000 км-ро ташкил мекунад ва 86 тонна боре, ки дар дохили он буд, танҳо 75 фоизи тавонмандии интиқоли ҳаҷми куллии бори дохили онро ташкил медод.

MyCargo моҳи сентябр иҷозатномаи нишаст дар Бишкек бо далелҳои фанниро дарёфт карда буд, гуфт вазири нақлиёти Қирғизистон Ҷамшедбек Халилов, вале ҳақ надошт, ки барои интиқол ё бурдани бор истифода шавад. Вале Текебоев мегӯяд, ки санадҳои чопии дар дохили ҳавопаймо пайдошуда ба забонҳои қирғизиву русӣ буд ва аз рӯи онҳо чунин хулоса мешавад кард, ки ин мавод махсус барои бозори Қирғизистон нигаронида шуда буд. Аз ҳамин хотир ҳам, шубҳа дар ин замина афзоиш меёбад, гуфт ӯ. Хабарнигори бахши Қирғизии радиои Озодӣ, ки дар соатҳои аввали баъди фоҷеа ба маҳалли ҳодиса ҳозир шуд, гуфт, ки воқеан ҳам санадҳоеро бо чашми худ дид, ки ба забони қирғизӣ навишта шудааст.

Бархӯрди президент ба фоҷеа

Президент Алмосбек Отамбоев дар муддати 10 рӯзи аввали баъди фоҷеа барои мулоқот бо осебдидаҳо ва наздикони қурбониҳо нарафт ва мавҷи интиқоду шубҳаро дар заминаи бори интиқолёбанда ва соҳиби он бештар кард. Бархе гуфтанд, ки эҳтимолан дар бораи ин бор Отамбоев хабар дошт.

Сухангӯи президент Алмос Усенов гуфт, ки ин бор ба президент аслан марбут нест.

Вале як узви дигари комиссиюни таҳқиқотӣ бовар дорад, ки ба изҳороти расмии ҳукумат мешавад шубҳа кард. Ҳоло дигар аъзои ин комиссиюн мегӯянд, ки бояд на танҳо ин ҳавопайморо аз назари як бахши схемаи эҳтимолии фасод будани он, инчунин дигар хатсайрҳои борбари хориҷиро ҳам санҷид.

Зимнан, моҳи октябр 45 тонна моли қочоқии мисли телефонҳои iPhone ва дигар техникаи замонавӣ ба ҳангоми берун рафтанашон аз фурудгоҳи Манас ошкор шуданд, вале то ҳол ҳеҷ нафаре аз рӯи ин қазия ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст.

Питер Баумгартнер, Радиои Озодӣ

XS
SM
MD
LG