Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳазфи номи Муҳаммад Солеҳ аз феҳристи Интерпол


Муҳаммад Солеҳ
Муҳаммад Солеҳ

Номи Муҳаммад Солеҳ – раҳбари ҳизби мухолифи "Эрк" ва яке аз рақибони сарсахти раиси ҷумҳури пешини Узбакистон Ислом Каримов – аз феҳристи афроди таҳти ҷустуҷӯи Интерпол ё пулиси байналмилалӣ ҳазф шудааст. Бахши узбакии радиои Би-би-сӣ рӯзи 6-уми сентябр навишт, ки феълан Солеҳ огоҳии расмии Интерполро дар ин бора интизор аст. Инчунин, Муҳаммад Солеҳ гуфтааст, ки Вазорати умури дохилии Узбакистон акси ӯ ва бародари хурдиаш Муҳаммад Бекҷонро аз қатори одамони таҳти кофтукоб дар ин кишвар бардоштааст.

Бисёр корҳое, ки ӯ ба ҳайси президент кард, қобили дастгирист. Аз ҷумла, ӯ ба тарафи мардуме рафт, ки кайҳо фаромӯш шуда буданд. Ин корҳо дар ман умедеро бедор карданд, ки ӯ ниятҳои неку самимӣ дорад

"Номи маро аз вебсайти Интерпол гирифтаанд. Ҳоло интизори хабари расмии пулиси байналмилалӣ ҳастем. Ба ин кор вакили дифоям машғул аст", - гуфтааст ӯ дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ.

Муҳаммад Солеҳ, раҳбари ҳизби "Эрк", рақиби ягонаи Ислом Каримов дар нахустин интихоботи мустақими президентии Узбакистон дар соли 1991 буд. Мақомоти расмӣ он вақт гуфтанд, ки дар ин интихобот Муҳаммад Солеҳ 12,7 дарсади раъйи сокинонро ба даст овардааст. Аммо қабл аз эълони расмии натиҷаҳои интихобот радиои Узбакистон гуфт, ки ба тарафдорӣ аз ӯ 33 дарсад овоз доданд. Нозирони мустақил раъйи ба тарафдории ӯро бештар аз рақамҳои расмӣ донистанд.

Эътирози тарафдорони Муҳаммад Солеҳ баъди интихобот ба таъқиби онҳо, баста шудани нашрияҳо ва ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи раҳбарони мухолифин сабаб шуд. Тобистони соли 1992 Муҳаммад Солеҳ ба нишони эътироз алайҳи саркӯбҳо аз курсии вакилӣ дар Маҷлиси Узбакистон даст кашид. Моҳи апрели соли 1993 ба ҷурми хиёнат ба давлат боздошт ва танҳо таҳти фишори ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шарти берун нарафтан аз маҳалли иқомат аз боздоштгоҳе дар Тошканд озод гардид.

Муҳаммад Бекҷон баъди раҳоӣ аз зиндон
Муҳаммад Бекҷон баъди раҳоӣ аз зиндон

Баъдан ба ӯ муяссар шуд, ки ба Туркия фирор кунад. Аз он замон то кунун ӯ дар Истанбул зиндагӣ дорад. Нирӯҳои хадамоти махсуси Узбакистон борҳо тарҳи сӯиқасд ба Муҳаммад Солеҳро кашида, се бародари ӯро дар Узбакистон ба ҳабс гирифтанд.

Моҳи феврали имсол бародари хурдии ӯ Муҳаммад Бекҷон, сардабири пешини нашрияи мухолифи "Эрк", аз зиндон раҳо шуд. Соли 1999 давлати Узбакистон Муҳаммад Солеҳ ва бародари хурдиаш Муҳаммад Бекҷонро дар таркиши ҳамон сол дар Тошканд айбдор карда, дувумиро дар Украина боздошт ва сипас ба пойтахт бурда буданд. Ӯ ба 15 соли зиндон маҳкум шуд.

Соли 2011, моҳе қабл аз озодии Муҳаммад Бекҷон, додгоҳи Узбакистон ҳукми зиндони ӯро барои тақрибан панҷ соли дигар дароз кард. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯянд, Бекҷон танҳо ба хотири бародари Муҳаммад Солеҳ, яъне рақиби раиси ҷумҳури пешин Ислом Каримов буданаш, 18 солро паси милаҳои зиндон гузарондааст.

Муҳаммад Солеҳ ҳамроҳи оилааш Айдин Солеҳ
Муҳаммад Солеҳ ҳамроҳи оилааш Айдин Солеҳ

Пас аз марги Ислом Каримов дар моҳи сентябри соли гузашта, раиси ҷумҳури нави Узбакистон Шавкат Мирзиёев чанде аз зиндониҳои сиёсиро озод кард ва ба ин қатор бародари Муҳаммад Солеҳ низ шомил буд.

Моҳи марти имсол Муҳаммад Солеҳ дар як муроҷиати видеоӣ аз Шавкат Мирзиёев ҳимоят кард. Ӯ гуфт, "вақте Шавкат Мирзиёев бо нақзи Қонуни асосӣ раёсатро бар дӯш гирифт, гуфта будам, ин кори дуруст нест. Ҳанӯз ҳам дар ин мавқеи худ ҳастам. Аммо бисёр корҳое, ки ӯ ба ҳайси президент кард, қобили дастгирист. Аз ҷумла, ӯ ба тарафи мардуме рафт, ки кайҳо фаромӯш шуда буданд. Ин корҳо дар ман умедеро бедор карданд, ки ӯ ниятҳои неку самимӣ дорад."

XS
SM
MD
LG