Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мугабе ба мардум паём дод, вале истеъфояшро эълон накард


Президенти Зимбабве Роберт Мугабе истеъфои худро эълом накард. Тайи чанд рӯзи ахир ҳазорҳо сокини ин кишвар барканории президенти 93-соларо аз қудрат истиқбол мекарданд.

Мугабе гуфт, сиёсати созиши миллии солҳои 1980-уми асри гузашта ба раҳбарии ӯ дар ҳифзи ягонагии Зимбабве нақши муҳимро бозид.

Ӯ изҳори боварӣ кард, ки аз ин ба баъд мардуми Зимбабве бо ёдоварии баҳое, ки пештар пардохт шудааст, ба пешрафти худ идома хоҳанд дод.

Ин паёмро Мугабе ба мардуми кишвараш дар иҳотаи мақомҳои баландпояи маъмурияти худ ва низомиён ироа кард. Ӯ ҳангоми ироаи паём борҳо дармонда, суханҳо ва саҳифаҳои онро чанд бор бо ҳам омехта кард.

Хабарнигорони хориҷии муқими Ҳараре дар бораи табаддулоти аҷибе дар Зимбабве хабар медиҳанд, ки президенти худкомаи он дасти кам барои чанд рӯзи дигар сари қудрат хоҳад монд.

Дар орзуи Зимбабвеи нав. Ҳазорон нафар истеъфои Мугаберо хостанд

Рӯзи 19 ноябр даҳҳо ҳазор сокини Зимбабве ба кӯчаҳои пойтахти ин кишвар – шаҳри Ҳарере – баромада, истеъфои президент Роберт Мугаберо талаб карданд. Мугабеи 93-сола 37 сол боз зимоми қудрат дар ин кишвари Африқои Ҷанубиро дар даст орад.

Аммо аввали ин ҳафта низомиёни Зимбабве гуфтанд, ки идораи ҳукуматро ба даст гирифтаанд. Баъдан гузоришҳо расид, ки гӯё ҳамсари Мугабэ ба Намибия фирор кардааст.

Хабаргузории “Ройтерс” мегӯяд, сокинони Зимбабве эҳсоси хушии худро аз ин вазъият пинҳон намекарданд. Фрэнк Мутсиндиваи 34-сола, ки дар даст парчами Зимбабверо дошт, ба хабаргузории Ройтерс гуфт, “ин ашки шодист”. Ӯ мегӯяд, “тамоми умр ин рӯзро интизор будам ва билахира фаро расид.Билахира мо озод шудем.”

Роберт Мугабе

Бархе аз эътирозгарон шиори “Нест бод сулолаи Мугабе”-ро боло карда, баъзеи дигар низомиёнро ба оғӯш мекашиданд. Заин Моффати 22-сола бо ишора ба акси фармондеҳи артиш Константина Чивенги ва муовини собиқи раиси ҷумҳур Эммерсон Мнангагва гуфт, “дар ҳоли ҳозир раҳбарони мо инҳоянд.” Ӯ гуфт, “орзуи ман ин аст, ки Зимбабвеи навро бибинам. Ман дар тамоми умр танҳо ҳамин золимро бо номи Мугабе медонистам.”

XS
SM
MD
LG