Пайвандҳои дастрасӣ

Меркел талаби муҳими Британия дар мавриди "Брекзит"-ро рад кард


Ангела Меркел, садри аъзами Олмон яке аз муҳимтарин талабҳои нахуствазири Британия дар робита ба хуруҷи ин кишвар аз Иттиҳодияи Аврупоро рад кард ва таъкид намуд, ки Британия наметавонад ҳамзамон дар бораи хуруҷ аз Иттиҳодияи Аврупо ва робитаи ояндаи худ бо ин иттиҳодия, музокира кунад.

Ба гузориши рӯзномаи "Guardian" чопи Британия, хонум Ангела Меркел рӯзи чаҳоршанбеи 29 март гуфт, "музокирот дар марҳилаи аввал бояд мушаххас кунад, ки чигуна ин равобите, ки то ба ҳол инчунин печида будааст, ҳаллу фасл хоҳад шуд. Ҳар вақт вақт ба ин пурсиш посух дода шавад, он вақт метавон умедвор бошем, ки хеле зуд гуфтугӯҳо дар бораи робитаҳои ояндаи худро оғоз кунем."

Британия рӯзи чаҳоршанбеи 29 март бо имзои Тереза Мей, нахуствазири ин кишвар, барномаи худ барои хуруҷ аз Иттиҳодияи Аврупоро ба таври расмӣ оғоз кард.

Вай дар Берлин гуфтааст, ки вай ба ин раванд нигоҳи воқеъбинона дошт: "Мо мутмаинан намехостем шоҳиди чунин рӯзе бошем, чун як шарики қавӣ ва муҳими худро аз даст медиҳем. Аммо тасмими мардуми Британияро мепазирем." Вай дар идома гуфтааст, ки Британия бояд аввал ӯҳдадориҳои худро дар баробари Иттиҳодияи Аврупо бекор кунад ва баъд музокироти вобаста ба равобити оянда ин кишвар бо Иттиҳодияи Аврупо анҷом шавад.

Британия рӯзи чаҳоршанбе бо имзои Тереза Мей, нахуствазири ин кишвар, барномаи худ барои хуруҷ аз Иттиҳодияи Аврупоро ба таври расмӣ оғоз кард. Аммо Иттиҳодияи Аврупо аз моҳҳо ба ин таъкид дорад, ки аввал бояд дар бораи масъалаҳое музокира сурат бигирад, ки ба хотири ин ҷудоӣ, таҳти таъсир қарор мегиранд, аз ҷумла ҳуқуқи шаҳрвандони Иттиҳодияи Аврупо, ки дар Британия зиндагӣ мекунанд ва ё британияиҳое, ки дар кишварҳои узви ин иттиҳодия ҳастанд.

Оғоз расмии хуруҷи Британия аз Иттиҳодияи Аврупо, вокунишҳои раҳбарони дигари ин иттиҳодияро дар пай доштааст. Вазири умури хориҷии Фаронса гуфтааст, ки тасмими Британия ва қолабшикании онҳо Иттиҳодияи Аврупоро ба ақиб бознамегардонад ва аъзои ин иттиҳодияро боз ҳам муттаҳидтар мекунад. Вай гуфтааст, ки бояд ба тасмими мардуми Британия эҳтиром гузошт. Дар ҳамин ҳол, Доналд Туск, раиси Шӯрои Аврупо ҳушдор дод, ки "Брекзит" ҳеҷ барандае нахоҳад дошт ва масъалаи асосӣ дар ин ду соли оянда ин аст, ки чигуна зиёнеро, ки аз ин ҳодиса ба бор меояд, контрол кунем.

Тереза Мей, нахуствазири Британия рӯзи сешанбеи 28 март ин номаро имзо кард, ки бар асоси он, расман хуруҷи кишвараш аз Иттиҳодияи Аврупо расман оғоз шуд. Аъзои парлумон моҳи гузашта тарҳи ҳукуматро таъйид карданд ва ба хонум Тереза Мей иҷоза доданд бо фаъол кардани моддаи 50-и Паймони Лисабон, раванди хуруҷ аз Иттиҳодияи Аврупоро оғоз кунад.

Маликаи Британия қаблан ин тарҳро имзо кард, то Тереза Мей расман музокироти дусола барои ҷудоӣ аз Иттиҳодияи Аврупо тибқи моддаи 50-и Паймони Лисабонро оғоз кунад. Моддаи 50-и Паймони Лисабон чаҳорчӯби музокироти кишварҳои хоҳони хуруҷ аз Иттиҳодияи Аврупо баъд аз тасмим ба ҷудоиро, мушаххас мекунад.

Бар асоси ин модда, ду сол пас аз он, ки кишвари хостори тарки узвият қасди худро расман ба иттилои иттиҳодия бирасонад, узвияти чунин кишваре поён меёбад ва муносибатҳои ояндаи он бо Иттиҳодияи Аврупо ба асоси тавофуқҳои мустақил байни ду тараф, роҳандозӣ мешавад.

Мухолифони идомаи узвияти Британия ба ин боваранд, ки бо хуруҷ аз Иттиҳодияи Аврупо, ин кишвар хоҳад тавонист робитаҳои иқтисодии муфидро бо баъзе кишварҳои ғайри узв барқарор кунад.

Британия ба ҳадафи ба даст гирифтани қонунҳо ва контроли муҳоҷират, ки яке аз хостаҳои муҳими тарафдорони "Брэкзит" буд, аз бозори муштараки молу коло ва хадамот, хориҷ мешавад. Аз даст додани дастрасии озод ба ин бозори муштарак, ки ҳудуди 500 миллион нафарро дар бар мегирад, боиси нигаронии бахши молӣ ва хадамот шудааст, ки дар иқтисоди Британия нақши муҳиме доранд.

Британияи Кабир соли 1973 ба узвияти Иттиҳодияи Аврупо шомил шуда, танҳо кишваре дар таърихи ин созмон аст, ки аз моддаи 50-уми берун шудан аз узвияти ин созмон истифода кардааст. Ҳоло ин беруншавиро бояд 27 кишвари дигари узви ин созмон ҳам бипазиранд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG