Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меркел: Аврупо дигар наметавонад ба Амрико ва Бритониё такя кунад


Ангела Меркел, нахуствазири Олмон.
Ангела Меркел, нахуствазири Олмон.

Ангела Меркел, нахуствазири Олмон гуфтааст, ки бо хуруҷи Бритониё аз Иттиҳодияи Аврупо ва интихоби Доналд Трамп дар Амрико, Аврупо дигар наметавонад "ба таври комил" ба ин ду кишвар такя кунад ва бояд "сарнавишт"-и худро дар даст бигирад.

Хонум Меркел рӯзи якшанбеи 28-уми май дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ дар Олмон гуфтааст, ки ҳифз ва робитаҳои дӯстона бо муттаҳидони Аврупо -- Бритониё ва Амрико муҳим аст. Аммо ба гуфта вай, Аврупо наметавонад "рӯи онҳо ҳисоб кунад". "Замоне, ки мо метавонистем тамоман ба дигарон такя кунем, рӯ ба поён аст. Ман тайи рӯзҳои гузашта ба ин натиҷа расидаам",-афзудааст Ангела Меркел.

Ба таъкиди хонум Меркел, бо вуҷуди ин, ки ӯ хостори ҳифзи робитаҳои дӯстона бо Амрикову Бритониё ва ҳамчунин Русия аст, аммо Аврупо акнун бояд "худаш барои сарнавишти худаш талош кунад. Ӯ афзудааст, "мо аврупоиҳо бояд ба таври воқеъбинона сарнавишти худро дар даст гирем."

Суханони Ангела Меркел бо ташвиқи якдақиқаии касоне, ки дар ҷараёни суханронии ӯ ҳузур доштанд, рӯбарӯ шудааст. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, анқариб аз сафари худ, ки аз Арабистони Саудӣ оғоз ва бо дидор бо сарони аврупоӣ ва "Гурӯҳи 7" дар Белгия ва Итолиё ба поён расид, ба Вошингтон баргашт. Оқои Трамп пас аз бозгашт, сафари худро "муваффақиятомез" хонд ва гуфт "ҳафтаи таърихие"-ро сипарӣ кард.

Бо вуҷуди ин, таҳлилгарон мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир равобити Амрико ва Аврупо дучори таҳаввулоте шудааст. Стеффан Берлинг, коршиноси равобити Аврупо ва Амрико дар Донишгоҳи олмонии Регенсбург ба рӯзномаи Амрикоии "Вошингтон Пост" гуфтааст, "пас аз маросими савгандёдкунии президенти нави Амрико, ҳама дар Аврупо умедвор буданд, ки Трамп миёнаравиро пеш гирифта ва ба мавқеияти "Гурӯҳи 7" ва НАТО аҳамият хоҳад дод. Аммо дақиқан акси он рух додааст."

Суханони рӯзи якшанбеи Ангела Меркел пас аз он баён мешавад, ки сарони кишварҳои иқтисоди бузурги ҷаҳон дар ҷараёни дидор дар Итолиё муваффақ нашуданд дар мавриди иҷрои созиши мубориза бо тағйироти иқлимӣ дар Порис, ба тавофуқи комил бирасанд. Дар ҳоле, ки байни онҳо сари масъалаҳои дигар, аз ҷумла доду гирифти иқтисодӣ, масоили паноҳҷӯён, ихтилофҳое ба миён омадааст.

Оқои Трамп дар Амрико таъкид кардааст, ки нишасти "Гурӯҳи 7" "фавқулодда созанда" буд ва ӯ муваффақ шуд, ки равобити Амрикоро қавитар намояд. Дар баёнияи поёнии ин нишаст раҳбарони "Гурӯҳи 7" ба ҳамфикрӣ дар бораи "иқтисоди ҷаҳонӣ" ва "идомаи таҳримҳо алайҳи Русия" таъкид карда буданд. Аммо сарони ҳафти иқтисоди бузурги ҷаҳон афзудаанд, ки ҷонибҳо дар масъалаи "тағйироти иқлимӣ", натавонистанд ба тавофуқ бирасанд.

Дар ҷараёни дидори оқои Трамп бо сарон ва мақомҳои Иттиҳодияи Аврупо, раиси ҷумҳури Амрико дар мавриди пардохтҳо ва будҷаи низомии НАТО, интиқод кардааст. Бинобар гузоришҳо, раиси ҷумҳури Амрико аз вазъияти содироти мошинҳои олмонӣ низ интиқод кардааст.

Аммо дар Олмон ба назар мерасад, ки рақибони сиёсӣ дар мавриди амалкарди Аврупо дар пайи интихоботи Амрико, ихтилофи назари зиёд надоранд. Мартин Шулс, раҳбари сотсиал-демократҳо -- рақиби аслиии ҳизби хонум Меркел дар интихботи дарпешистодаи ин кишвар, ба хабаргузориҳои он кишвар гуфтааст, ки Аврупо бояд ба иттиҳод ва ҳамбастагии бештаре бирасад, "ҳамкории қавитар байни кишварҳое аврупоӣ, дар ҳама зинаҳо, посухе ба Доналд Трамп хоҳад буд."

Интихоботи саросарии Олмон дар моҳи сентябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG