Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев гуфт, зарур шавад, бомбаи атомӣ истифода мекунанд


Дмитрий Медведев, президенти собиқи Русия
Дмитрий Медведев, президенти собиқи Русия

Мақомоти Русия таҳдид мекунанд, ки агар кишварҳои ғарбӣ ба Украина иҷозат диҳанд, ки бо мушакҳои дурпарвоз ба хоки ин кишвар ҳамла кунад, эҳтимол барои посух бомбаи атомӣ истифода шавад.

Русия як кишваре ҳаст, ки силоҳи ҳастаӣ ё бомбаи атомӣ дорад.

Дмитрий Медведев, президенти собиқи Русия, ки ҳоло раиси Шӯрои амнияти ин кишвар аст, рӯзи 14-уми сентябр дар саҳифаи Телеграмаш гуфт, агар бо мушакҳои дурпарвоз ҳамла шавад, дар посух Киев ба “хокистар” табдил хоҳад ёфт.

Ӯ гуфтааст, ки кишвараш хоҳони истифода аз силоҳи ҳастаӣ нест, вале сабри Русия ҳам ҳад дорад.

Ду сол пеш низ Медведев аз эҳтимоли истифодаи силоҳи ҳастаӣ ҳушдор дода буд.

Расонаҳои ғарбӣ навиштанд, ки Амрико ва Бритониё ба Украина иҷоза медиҳанд, ки бо мушакҳои дурпарвоз ба хоки Русия ҳамла кунад. Ҳанӯз расман ин кишварҳо чунин иҷозаеро надодаанд, вале ин мавзӯъ дар дохили Русия сару садои зиёдеро ба бор овард ва ҳатто Владимир Путин, президенти ин кишвар низ ба он вокуниш кард.

Русия соли 2022 ба Украина бедалел ҳамла кард ва ҳазорон нафар дар ин ҷанг куштаву бехонумон шуданд.

XS
SM
MD
LG