Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Британия расман раванди хуруҷ аз Иттиҳодияи Аврупоро оғоз кард


Сафири Британия дар Иттиҳодияи Аврупо расман номаи беруншавии кишвараш аз ин ниҳодро ба Доналд Туск таслим кард. 29 марти 2017.

Бритониё расман ҷараёни беруншавиаш аз ҳайати Иттиҳодияи Аврупоро аз роҳи таслими номаи ҳукумати ин кишвар ба президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск суръат бахшид. Сафири Британия дар Иттиҳодияи Аврупо Тим Барров номаи имзокардаи нахуствазир Тереза Мейро рӯзи 29 май дар дафтари кории Доналд Туск дар Брюссел ба дасташ супурд.

Доналд Туск дар саҳифаи худ дар шабакаи Твиттер навишт, ки “баъди нӯҳ моҳ Британияи Кабир тасмими Брекзитро таслим кард”. Истилоҳи нави Брекзит аз ду вожаи мухтасари “Бритония” ва “берун шудан”-и англисӣ сохта шудааст. Тереза Мей дар суханронии худ дар баробари қонунгузорон дар Лондон ҷомеаи кишвар ва сиёсматмадоронро ба ваҳдати миллӣ ба хотири шукуфоии кишвар дар оянда даъват кард.

Тереза Мей, нахуствазири Британия рӯзи сешанбеи 28 март ин номаро имзо кард, ки бар асоси он, расман хуруҷи кишвараш аз Иттиҳодияи Аврупо расман оғоз шуд.

Вазири молияи Британия Фил Ҳаммонд рӯзи 29 март дар сӯҳбат бо шабакаи Бӣ-Бӣ-Сӣ дар Лондон гуфт, номаи таслимшуда шурӯи ихроҷи расмии ин кишвар аз иттиҳодия баъди 23 июни соли 2016 дар референдуми Британия бо чунин тасмим розӣ шудани ҷомеаи ин кишвар мебошад.

"Ин ҳамон лаҳзаест, ки мо ҷараёни берун шудани кишварро аз Иттиҳодияи Аврупо ба таври расмӣ ҳусни оғоз бахшидем. Инчунин ин лаҳзаест, ки ҳама тафриқа ва саволҳоро канор гузошта, сари беҳтарин роҳҳали ҳамкории миёни Британияи Кабир ва Иттиҳодияи Аврупо андеша кунем”, афзуд ҷаноби Фил Ҳаммонд.

Нахуствазири Британия Тереза Мей.
Нахуствазири Британия Тереза Мей.

Тереза Мей, нахуствазири Британия рӯзи сешанбеи 28 март ин номаро имзо кард, ки бар асоси он, расман хуруҷи кишвараш аз Иттиҳодияи Аврупо расман оғоз шуд. Аъзои парлумон моҳи гузашта тарҳи ҳукуматро таъйид карданд ва ба хонум Тереза Мей иҷоза доданд бо фаъол кардани моддаи 50-и Паймони Лисабон, раванди хуруҷ аз Иттиҳодияи Аврупоро оғоз кунад.

Маликаи Британия қаблан ин тарҳро имзо кард, то Тереза Мей расман музокироти дусола барои ҷудоӣ аз Иттиҳодияи Аврупо тибқи моддаи 50-и Паймони Лисабонро оғоз кунад. Моддаи 50-и Паймони Лисабон чаҳорчӯби музокироти кишварҳои хоҳони хуруҷ аз Иттиҳодияи Аврупо баъд аз тасмим ба ҷудоиро, мушаххас мекунад.

Бар асоси ин модда, ду сол пас аз он, ки кишвари хостори тарки узвият қасди худро расман ба иттилои иттиҳодия бирасонад, узвияти чунин кишваре поён меёбад ва муносибатҳои ояндаи он бо Иттиҳодияи Аврупо ба асоси тавофуқҳои мустақил байни ду тараф, роҳандозӣ мешавад.

Мухолифони идомаи узвияти Британия ба ин боваранд, ки бо хуруҷ аз Иттиҳодияи Аврупо, ин кишвар хоҳад тавонист робитаҳои иқтисодии муфидро бо баъзе кишварҳои ғайри узв барқарор кунад.

Британия ба ҳадафи ба даст гирифтани қонунҳо ва контроли муҳоҷират, ки яке аз хостаҳои муҳими тарафдорони "Брэкзит" буд, аз бозори муштараки молу коло ва хадамот, хориҷ мешавад. Аз даст додани дастрасии озод ба ин бозори муштарак, ки ҳудуди 500 миллион нафарро дар бар мегирад, боиси нигаронии бахши молӣ ва хадамот шудааст, ки дар иқтисоди Британия нақши муҳиме доранд.

Бритониёи Кабир соли 1973 ба узвияти Иттиҳодияи Аврупо шомил шуда, танҳо кишваре дар таърихи ин созмон аст, ки аз моддаи 50-уми берун шудан аз узвияти ин созмон истифода кардааст. Ҳоло ин беруншавиро бояд 27 кишвари дигари узви ин созмон ҳам бипазиранд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG