Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни давраи сархушии дастаҷамъӣ дар Русия


Коршиносон мегӯянд, ки эҳтимол рӯзе сархушии дастаҷамъӣ дар Русия, ки тавассути телевизионҳо эҷод шудааст, ба поён расад.

Шӯҳрати режими Владимир Путин ба сархушии дастҷамъӣ такя мекунад, ки тавассути телевизионҳои давлатии ин кишвар паҳн мешавад. Дар айни замон мақомдорони Кремл эҳсос мекунанд, ки рӯзе ин сархушӣ метавонад хотима ёбад ва мардум аз мақомдорон хоҳанд пурсид, ки чаро вазъи Русия рӯз ба рӯз бадтар мешавад.

Девори симхорпечи атрофи телевизиони Останкинои Маскав ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад ҳамчун шаҳодати эътимоди режими ҳокими Русия арзёбӣ шавад. Бар иловаи девори мустаҳкам, дар қароргоҳи телевизиони давлатии Русия ҷои пулиси қаториро воҳидҳои таъйиноти хоси вазорати умури дохилӣ ишғол намудаанд.

Сухангӯйи Останкино Денис Назаров дар сӯҳбат бо рӯзномаи мустақили “Новая газета” гуфт, ки чораҳои амниятӣ ба вазъи ноороми Маскав, Русия ва ҷаҳон вобаста аст. Ахиран нерӯҳои амниятии Русия захираи гулӯлаандоз ё худ гранатомёт барои истифода дар муқобили издиҳомро панҷ баробар афзоиш доданд ва Думаи давлатии ин кишвар ба Хадамоти федералии амният ё ФСБ иҷозат дод, ки дар муқобили издиҳом аз силоҳ кор гирад.

Ин иқдомҳо суолеро матраҳ мекунанд, ки агар президенти Русия Владимир Путин аз пуштибонии беш аз 90 дарсади раъйдиҳандагонаш баҳраманд бошад, ӯ ба ин чораҳои амниятӣ ниёз дорад?

Шореҳон мегӯянд, шояд эҳтиёҷ дошта бошад, зеро ин маҳбубият асосан, бар пояи ишғоли Қрим аст, ки дар зеҳни мардуми рус шабаҳи тақаллубии эҳёи кишвари абарқудратро эҷод намудааст. Онҳо меафзоянд, эҳтимол рӯзе, ин сархӯшии дастаҷамъӣ, ки тавассути телевизион ташкил шудааст, ба поён расад.

Шореҳи сиёсӣ Леонид Бершидский дар сӯҳбат бо хабаргузории Блумберг гуфтааст, ситоиши фаъолиятҳои сиёсии Путин, ки тавассути телевизионҳои ин кишвар раҳандозӣ шудааст, ғурури русҳоро бедор кард, аммо ин фаъолиятҳо вазъи иқтисодии Русия ва аҳволи мардуми онро хеле душвор намудаааст. Ӯ таваррум, болоравии нархҳо ва таҳрими кишварҳои ғарбиро ёдрас карда, иброз доштааст, ки ба ин зудиҳо вазъи тоқатфарсои Русия тағйир нахоҳад ёфт.

Пажӯҳишгоҳи мустақили афкори омма-Маркази Левада навиштааст, ки дар соли 2009-ум 79 дарсади пурсидашудагон таъкид карда буданд, ки ба телевизионҳои давлатии Русия бовар доранд. Имрӯз бошад, эътимод ба телевизион то 42 дарсад поин шудааст.

Пажӯҳишгоҳи ҷомеашиносии Академияи улуми Русия дар як гузоришаш навиштааст, ки феълан аз чор се ҳиссаи русҳо масъулияти вазъи душвори кишварро бар дӯши таҳрими кишварҳои ғарбӣ вогузор кардаанд, аммо дар давоми як ва ё якуним соли оянда, онҳо раҳбарони худро масъул хоҳанд донист.

Садои эътироз ҳоло ҳам ба гӯш мерасад ва эҳсос мешавад, ки баъзе соҳибкорони шинохта аз вазъи феълӣ нороҳатанд. Дмитрий Потапенко, яке аз саҳмиядорони гурӯҳи Менеҷмент Девелопмент груп ва молики шабакаи фурӯшгоҳҳо, гуфт, қарзаи бонкиро Барак Обама боло набурдааст.

Шореҳ Бершидский бар ин назар аст, ки президент Путин ду интихоб дорад: яке эҳёи рақобатпазирии Русия, беҳбуди равобити Кремл бо Украина, талош барои хотимаи таҳримҳои Ғарб ва беҳбуди фазои тиҷорат дар дохили кишвар, яъне маҳви сутунмуҳраи режими феълӣ ва интихоби дигар, каноргузории иддаоҳои демократия ва ҳукми ошкор тавассути қудрат аст, ки таъқиби ҳар гуна мухолифин: ҳам воқеӣ ва ҳам хаёлиро мадди назар дорад.

Шореҳи Радиои Озодӣ Брайан Витмор бо ишора ба девори симхорпечи Останкино тахмин мекунад, ки зоҳиран, Русия ба интихоби дуюм майл дорад ва ин танҳо оғози кор аст.

XS
SM
MD
LG