Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари сахти муҳоҷирон аз Македония то қалби Аврупо

Ҳар ҳафта ҳазорон муҳоҷир тариқи Македония талош мекунанд, ки ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ворид шаванд. Ин муҳоҷирон аз Афғонистон, Покистон, Эрон, Яман ва ғарби Африқо ҳастанд ва маъмулан аз Юнон вориди Македония мешаванд. Ҳукумати Македония, муҳоҷирони ғайриқонуниро аз истифодаи нақлиёти умумӣ манъ кардааст ва соҳибони нақлиёти шахсӣ низ аз интиқоли онҳо ба далели он, ки ба қочоқи инсон муттаҳам нашаванд, иҷтиноб мекунанд. Ин аст, ки ин муҳоҷирон маҷбур мешаванд, ки ё пиёдаравӣ кунанд ва ё аз дучарха истифода баранд. Чунин сафар тӯлонӣ ва хастакунанда аст, аммо фаъолони шаҳрвандӣ ва сокинони маҳаллӣ гоҳе ба ин муҳоҷирон кӯмак мерасонанд.

Ёфтҳои бештар

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG