Ҳар ҳафта ҳазорон муҳоҷир тариқи Македония талош мекунанд, ки ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ворид шаванд. Ин муҳоҷирон аз Афғонистон, Покистон, Эрон, Яман ва ғарби Африқо ҳастанд ва маъмулан аз Юнон вориди Македония мешаванд. Ҳукумати Македония, муҳоҷирони ғайриқонуниро аз истифодаи нақлиёти умумӣ манъ кардааст ва соҳибони нақлиёти шахсӣ низ аз интиқоли онҳо ба далели он, ки ба қочоқи инсон муттаҳам нашаванд, иҷтиноб мекунанд. Ин аст, ки ин муҳоҷирон маҷбур мешаванд, ки ё пиёдаравӣ кунанд ва ё аз дучарха истифода баранд. Чунин сафар тӯлонӣ ва хастакунанда аст, аммо фаъолони шаҳрвандӣ ва сокинони маҳаллӣ гоҳе ба ин муҳоҷирон кӯмак мерасонанд.
Сафари сахти муҳоҷирон аз Македония то қалби Аврупо

1
Муҳоҷирон дар як истгоҳи роҳи оҳан. Дар роҳ ба сӯи сарҳади Сербия.

2

3
Кӯдакони муҳоҷир.

4
Муҳоҷирон аз Сурия дар як парк. Бархе аз онҳо дучарха харидаанд, то ба сафари худ идома бидиҳанд.
Бахшҳо
- Тоҷикистон
- Ҷаҳон
- Сиёсат
- Иқтисод
- Фарҳанг
- Ҳамватан
- Варзиш
- Видео
- Блогистон
- Осиёи Марказӣ
- Ҷомeа
- Гузоришҳои радиоӣ
- Ҳодиса
- Назарҳо ва боварҳо
- Озодӣ Онлайн
- Баъд аз гузориши Озодӣ
- Гапи Озод
- Салом, хоҳар
- Рӯзгори муҳоҷир