Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори пешини Радиои Озодӣ дар Туркманистон даргузашт


Худойбердӣ Аллашов
Худойбердӣ Аллашов

Худойбердӣ Аллашов, хабарнигори пешини Радиои Озодӣ дар Туркманистон, рӯзи 13-уми август бар асари бемории тӯлонӣ, ки ҳосили фишору шиканҷаи мақомот медонанд, дар шаҳри Куҳнаурганҷ (Кёнеурганҷ) даргузашт. Ӯро рӯзи 14-уми август дафн карданд.

Бахши туркмании Радиои Озодӣ навишт, ки Худойбердӣ Аллашов 35 сол дошт. Вай дар соли 2016 бо тахаллуси Мекан Ташлиев се моҳ бо Радиои Озодӣ ҳамкорӣ кардааст.

Дар қатори мавзуъҳои дигар дар бораи пахтачинии маҷбурӣ дар Дашоғуз, камбуди хӯрок ва пардохт нашудани пули кормандони идораҳои давлатӣ гузориш медод.

Мақомоти Туркманистон дар моҳи декабри соли 2016 ӯ ва модарашро ба иттиҳоми нигоҳ доштани тамоку, ки дар ин ҷумҳурии худкомаи собиқи шӯравӣ ғайриқонунист, боздошт ва ба ҳабси шартӣ маҳкум карданд.

Манобеи Радиои Озодӣ он вақт гуфта буданд, ки маъмурони милиса Аллашовро шиканҷа кардаанд, аз ҷумла бо нерӯи барқ. Ӯ дар солҳои 2019 ва 2023 низ дастгир шуд.

Модараш, Қурбонтоҷ Оразмедова, панҷ сол қабл бар сари афсурдагии зиёд ва сактаби қалбӣ даргузашт.

XS
SM
MD
LG