“Ин ҷо мутлақо шакке пеш нахоҳад омад, ки агар Эрон созишро ба таври комил иҷро кунад, Миср ва ҳамаи кишварҳои минтақа амнтар хоҳанд шуд, назар ба ҳар чизи дигар,” гуфт Ҷон Керрӣ дар фурудгоҳи Қоҳира рӯзи 2 август. Миср аввалин кишвари Ховари Миёна буд, ки вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида бо шарҳи созиши ҳастаии Эрон сафар мекунад.
Қудратҳои ҷаҳонӣ ва Эрон моҳи гузашта дар Вена ба созиш расиданд, ки маҳдуд шудани барномаи ҳастаии Теҳрон ба бекор шудани таҳримҳои зидди он роҳ боз хоҳад кард.
Вазири корҳои берунаи Қатар, Холид ал-Аттия ҳангоми истиқболи Керрӣ дар Доҳа гуфт, Қатар ва шариконаш дар Шӯрои Ҳамкориҳои Халиҷ (6 кишвар) рӯзи 3 август эълом доштаанд, ки созиши ҳастаии Эрон бояд ба минтақа ба ҷои мудохила ба умури кишварҳои дигар “ҳамсоягии нек” биёрад.
Аттия гуфт, Шӯрои Ҳамкориҳои Халиҷ мехоҳад, ин минтақаро “аз ҳама гуна хатар ва таҳдидҳои силоҳи ҳастаӣ” ҳифз кунад.
Керрӣ, ҳамчунин қарор аст, дар Доҳа бо вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров ва ҳамтои саудии ӯ Абдул ал-Ҷубайр дидор ва гуфтушунид дошта бошад.
Кишварҳои араби Халиҷи Форс дар мазҳари ом аз созиши ҳастаӣ бо Эрон истиқбол карданд, ҳарчанд дар дидорҳои хусусӣ изҳори нигаронӣ намуданд, ки ин созиш Эронро дар минтақа ҷасуртар хоҳад кард.
Бузургтарин ва муассиртарин узви ин шӯро – Арабистони Саудӣ ҳарчанд расман аз созиш ҳимоят кард, нисбати он нигарониҳои муайян дорад.
Шоҳзода Туркӣ ал-Файсал, узви хонадони подшоҳӣ ва собиқ раиси хадамоти ҷосусии саудӣ аввали имсол гуфт, Риёз талош хоҳад кард, ки ба барномаи ҳастаии шабеҳи Эрон даст ёбад. Ин изҳорот хатари сабқати таслиҳотиро дар минтақаи бе ин ҳам ноором ба бор овард.
Эрон пойфишорӣ доорад, ки барномаи он сиирфан ҳадафҳои сулҳомез дорад.
Дар паёмаш дар Қоҳира Керрӣ гуфт, Иёлоти Муттаҳида ва Миср “эътироф мекунанд, ки Эрон дар фаъолиятҳои бесуботкунандаи минтақа даст дорад ва аз ин лиҳоз чораҳое хеле муҳиманд, ки барномаи ҳастаии он ба таври пурра сулҳомез бимонад.”
Вай афзуд, нақши Теҳрон ҳамчун “спонсори шумораи аввали террор дар ҷаҳон” зарурати созиши ҳастаиро ногузир намуд.
“Агар Эрон бесуботкунанда аст, хеле ва хеле муҳим аст, Эрон силоҳи ҳастаӣ надорад ва надошта бошад,” – гуфт Керрӣ.