Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

26 апрел - рӯзи интихоботи навбатии Назарбоев


Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев интихоботи пеш аз мӯҳлати раёсати ин ҷумҳуриро ба рӯзи 26 апрел таъйин кард. Дар 4 соли охир ин дувумин интихоботи пеш аз мӯҳлати президентӣ дар ин кишвари Осиёи Марказист.

Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев шоми 25 феврал интихоботи пеш аз мӯҳлати раёсати ин ҷумҳуриро ба рӯзи 26 апрел таъйин кард. Бовар меравад, ки як номзади асосӣ дар ин маърака, ки ҳамагӣ баъди ду моҳ доир хоҳад шуд, худи Назарбоеви 74-сола мешавад.

Нурсултон Назарбоев дар изҳороташ, ки тавассути телевизионҳои маҳаллӣ нашр шуд, гуфт, «ба хотири манфиаати мардум, бо дарназардошти дархости мардум аз ман… ман қарор қабул кардам ва мутобиқи банди 3-1-уми моддаи 41-уми Қонуни асосӣ интихоботи пеш аз мӯҳлати президентиро ба рӯзи 26 апрели соли 2015 таъйин кардам.» Назарбоев аммо гуфт, қарор дар бораи ширкати худаш дар ин интихоботро баъдтар эълон хоҳад кард.

Далели расмии як сол пеш овардани интихоботи президентии Қазоқистон ҷилавгирӣ аз дар як вақт иттифоқ уфтодани он бо интихоботи парлумонӣ гуфта мешавад. Аммо бисёриҳо инро ба азми худи Назарбоев бастагӣ медиҳанд, ки дар шароити бӯҳронии имрӯз мехоҳад мавқеи бе он ҳам қавиаш дар мақоми раҳбарии Қазоқистонро боз ҳам қавитар кунад.

Пешниҳоди баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлати президентӣ дар Қазоқистон рӯзи 14 феврал бори аввал аз сӯи Анҷумани халқи Қазоқистон, як ниҳоди машваратии таҳи раҳбарии раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев садо дод. Ба дунбол ҳизби ҳокими Нур-Отан ва рӯзи 19 феврал маҷлиси болоии парлумони Қазоқистон низ аз ин пешниҳод ҳимоят карданд.

Муаллифи ин ташаббус – муовини раиси Анҷумани халқ Анатолий Башмаков дар сӯҳбат бо маҷаллаи интернетии “Vласть» гуфтааст, дар соли 2016 интихоботи президентӣ ва порлумонӣ дар як вақт иттифоқ меуфтод ва бояд якеи онҳоро пеш ё қафо мекарданд. Ба гуфтаи Башмаков, “бар илова, дар соли 2016, ба ҳисоби коршиносон, нуқтаи авҷи бӯҳрони моливу иқтисодӣ ва ҳам бӯҳрони низому тамаддун ва ҷаҳонбиниҳо фаро мераасанд. Ва, албатта, тамоми таваҷҷӯҳи раҳбарони кишвар бояд ба ҷилавгирӣ аз зуҳуроти бӯҳронӣ дар иқтисод ва дар ҷомиаи Қазоқистон равона шавад.”

Назарбоев ҳамагӣ 4 сол пеш, дар баҳори соли 2011 бо баргузории чунин як интихоботи пеш аз мӯҳлат ва касби 95,5 дарсади оро давраи раҳбариашро бар Қазоқистон барои 5 соли дигар тамдид карда буд. Он дуруст соли инқилобҳои маъруф баа “Баҳори Араб” буд, ки чандин ҳокими мисли Назарбоев дарозумр дар кишварҳои арабиро аз тахт афканд ва бисёриҳо ҳадс мезаданд, ки Назарбоеви дар соли 2011 аллакай 70-сола бо чунин интихоботи пеш аз мӯҳлат курсиро аз зери пои довталабони кӯчондани чунин “инқилоб” ба сарзаминаш аз пеш бизанад.

Нурсултон Назарбоев дар интихоботи пеш аз мӯҳлати рӯзи 26 апрел низз зоҳиран номзади асосист ва танҳо ҳадафаш аз як сол пештар барпо кардани интихобот таҳкими мавқеъ ва касби қонунмандии бештар дар мақоми раҳбарии Қазоқистон мебошад. То ҳол ҳеҷ як аз коршиносон ҳатто эҳтимоли ночизи ба ягон ворисаш супурдани тахти раёсати Қазоқистон аз сӯи Назарбоевро, ки рӯзи 6 июл ба синни 75 мерасад, арзёбӣ намекунад.

Нурсултон Назарбоев соли 1940 ба дунё омада, аз соли 1989, инак 26 сол боз бо ислоҳи пайвастаи Қонуни асосӣ бар Қазоқистон, бузургтарин кишвари Осиёи Марказӣ аз лиҳози қаламрав, захираҳои табиӣ ва ҳаҷми иқтисод раҳбарӣ мекунад. Дар ин муддат танҳо як дафъа – дар соли 2005 интихоботи президентии Қазоқистон дар замони барояш муқарраршуда доир шуд ва низ бо пирӯзии Назарбоев анҷмо ёфт. Дар навбатҳои дигар ӯ бо баргузории ё интихоботҳои пеш аз мӯҳлат ( дар солҳои 1991, 1999, 2011) ваё аз тариқи референдум (дар соли 1995) замони раёсаташро тамдид кардааст. Ӯ бори охир дар моҳи апрели соли 2011 бо касби 95,5 дарсади овозҳо дигарбора раисиҷумҳури Қазоқистон интихоб шуд.

Дар соли 2010 бо таҳия ва тасвиби як қонуни вижа ба Нурсултон Назарбоев унвони Раисиҷумҳури нахустини Қазоқистон ва Пешвои Миллат (Элбошӣ) дода шуд. Қонуни асосии Қазоқистон замони раҳбарии як шахс бар ин кишварро бо ду давраи панҷсола маҳдуд кардааст, вале бар асоси қонуни соли 2010 ин маҳдудият раисиҷумҳури нахустин ва Пешвои Миллат, яъне ба Назарбоевро фаро намегирад.

Тарафдорони Назарбоев мегӯянд, ки ӯ тавонист суботи иҷтимоӣ ва сиёсиро дар ин кишвари аз нигоҳи ҳам қаламрав ва ҳам таркиби қавмӣ хеле мураккаб ҳифз кунад ва ба пешрафтҳои зиёди иқтисодӣ даст биёбад. Назарбоев ҳоло як барномаи пуриддаои то соли 2050 ба сафи 30 кишвари пурқувваттарини дунё расондани Қазоқистонро дар сар дорад.

Аммо мухолифон Назарбоев ва ҳукумати вайро ба сохтани як низоми худкомаи мабнӣ бар шахспарастӣ ва беш аз будаш нишон додани натиҷаҳои воқеии ҳукмронии ӯ айбдор мекунанд ва мегӯянд, ин 90-у 95 дарсаде ки гӯё аз Назарбоев ва атрофиёни ӯ дар интихоботҳо ҷонибдорӣ мекунанд, дар асл рақамҳои ҳавоист, ки аз роҳи тахаллуф ва истифодаи манобеи маъмурӣ ба даст меоянд.

Нурсултон Назарбоев 3 духтар, 8 набера ва 2 абера дорад. Духтари калониаш Дориға вакили порлумон, духтари дуюмаш Динора бо 1, 3 миллиард доллар дорӣ бойтарин зан дар Қазоқистон ва духтари хурдиаш Алия раҳбари ширкат сохтмонии “Элитстрой” аст.

Роҳат Алиев
Роҳат Алиев

Домоди калонии ӯ – Роҳат Алиев, ки як муддат вазири андозу баъдан муовини вазири амнияти Қазоқистон буд, баъди “гурехтани гапаш” бо Назарбоев дар соли 2007 тарки Қазоқистон кард ва дар Австрия паноҳ овард. Ӯ, ки дар Қазоқистон дар ғайбаш ба 40 соли зиндон маҳкум шуда буд ва аз моҳи июни соли 2014 дар Вена дар боздошт қарор дошт, рӯзи 24 феврал дар зиндон худкушӣ кардааст.

Домоди дуюмаш Тимур Қулибоев раиси Иттиҳодияи “Қазэнержӣ”-ст, ки ҳамаи корхонаҳои соҳоти нафту газ ва энержии Қазоқистонро муттаҳид мекунад. Қулибоев ҳоло яке аз пурнуфузтарин мӯҳраҳо дар арсаи сиёсии Қазоқистон ба шумор меояд.

Алия – духтари хурдии Назарбоев, ки ҳоло 35 сол дорад, дар соли 1998, дар синни 18-солагиаш ба Ҳайдар Оқоев, писари раисиҷумҳури вақти Қирғизистон издивоҷ карда буд. Вале онҳо дар соли 2001 ҷудо шуданд.

XS
SM
MD
LG