Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Карусел"-и интихоботӣ ба обрӯи ҳизби "Республика" зарба зад


Додситонии кулли Қирғизистон таҳқиқи ҳодисаи эҳтимолии тақаллубро дар ҷараёни интихоботи аъзои шӯрои шаҳрии Бишкекро шурӯъ кардааст.

Дар ин қазия ҳизби сиёсии “Республика” барои ташкили раъйдиҳии такрории гурӯҳи созмонёфтаи сокинон аз рӯи методи ба истилоҳ “Карусел” ё “Чархофалак” муттаҳам мешавад. Додситонии кулл гуфтааст, ки навори видеоиеро мавриди санҷиш қарор медиҳад, ки дар он як намояндаи эҳтимолии ҳизби “Республика” гурӯҳе аз ҷавононро барои раъйдиҳии созмонёфтаи такрорӣ дар рӯзи интихоботи 25 ноябр раҳнамоӣ мекунад. Аз рӯи натиҷаҳои муқаддамотӣ, ҳизби “Республика”-и марбут ба нахуствазири собиқ Омурбек Бабанов дар ин интихобот ҷои дуюмро гирифт. Худи Бабанов сентябри имсол, баъди он ки дар ришвахорӣ муттаҳам шуд, мақоми нахуствазириро тарк кард. Дар ҳоле, ки ҳизб маъмурони Кумитаи амнияти миллиро дар ташкили ин видеои “провокатсионӣ” айбдор мекунанд, мақомоти ин Кумита иттиҳомотро рад кардаанд. Ахиран раҳбари эътилофи ҳукмрон Феликс Қулов ба нишони эътироз аз тақаллуб дар ҷараёни интихобот аз вазифа истеъфо дод.






Тибқи иттилои бахши қирғизии радиои Озодӣ, видеои фошкунандаи ташкили раъйдиҳии такрорӣ аз рӯи методи “Карусел” яке аз пурбаҳстарин мавзӯъҳои рӯзҳои охир шудааст. Дар ин навор хонуме бо исми Наргиза Аҷибоева дар як утоқе ба гурӯҳи ҷавонон кушоду рӯшан мегӯяд, ки дар соатҳои шомгоҳии интихобот “ҳизб дигар илоҷе надорад” ва бояд то баста шудани нуқтаҳои раъйдиҳӣ ширкати тарафдорони “Республика”-ро таъмин кунад. Дар ҷое ӯ мегӯяд, ки барои ширкати такрорӣ дар интихобот барояшон нафаре аз аъзои комиссиюни интихоботӣ ҳам кӯмак мекунад.


Баъди рӯи об баромадани ин навори видеоӣ Наргиза Аҷибоеваро на хабарнигорон, на аъзои ҳизб ва на полис пайдо карда наметавонад. Дар изҳороти ҳизби “Республика” тақаллуби интихоботӣ ва ҳам методи “Карусел” маҳкум шуда, роҷеъ ба сарнавишти ин фаъоли ҳизбиашон чизе гуфта намешавад. Наргиза Аҷибоева аз лидерони ҷавони ин ҳизб ва муассиси чандин барномаву созмони иҷтимоӣ мебошад. “Ӯ мехост карераи хуби сиёсӣ кунад”, менависад дар борааш сайти интернетии 24kg.org.

Баъди ин фошкорӣ, ки ба обрӯзи ҳизби сиёсии маъруфи кишвар зарбаи шадиде задааст, ҳанӯз маълум нест, ки тарзи бархӯрди ҷомеа чӣ гуна хоҳад буд. Тавре таҳлилгарон мегӯянд, рақобати шадиди сиёсӣ дар миёни нирӯҳои сиёсии Қирғизистон ба афзоиши моҷарову фошкориҳои тақаллубу хилофкориҳои рақибон сабаб шудааст. Дар ҳоле, ки бархе чунин ҳодисаҳоро барои шаъни кишвар нанговару ғайри қобили қабул медонанд, дигарҳо мегӯянд, ин як қадамест ба сӯи бунёди ҷомеаи воқеан демократӣ, ки дар он эҳтироми қонун авлавият дорад.
XS
SM
MD
LG