Шоҳмотбози норвегиягӣ Магнус Карлсен аз нав қаҳрамони ҷаҳон оид ба шоҳмот гардид. Ӯ дар мусобиқа барои унвони қаҳрамонӣ, ки дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор шуд, ҳарифи худ Сергей Карякини русро мағлуб кард.
Дувоздаҳ бозӣ байни ин ду шатранҷбоз, ки аз 11-ум то 28-уми ноябр доир шуд, бо натиҷаи мусовӣ ба анҷом расид. Ғолиб аз рӯи тай-брейк – чор бозии кӯтоҳмуддат - маълум гардид. Ду бозии аввал мусовӣ шуд ва дар ду бозии дигар Карлсен ғолиб омад.
Ба ин тартиб, Магнус Карлсени 26-сола унвони қаҳрамониро, ки соли 2013-ум ба даст оварда буд, аз нав ҳимоя кард. Чунонки дар сомонаи расмии Федератсияи ҷаҳонии шоҳмот (WorldChess.com) рӯзи 1-уми декабр хабар дода шудааст, маблағи ҷоизаи мусобиқа 1,1 миллион долларро ташкил медод. Ба ғолиб баъди кам кардани андоз, 60 дар сади ин маблағ, яъне 600 ҳазор доллар супурда шуд.
Ба иттилои ташкилкунандагони сабқат, миёни Карлсен ва Карякин, ба бозии ҳарду шумораи рекордии тамошогарон таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд. Ҷараёни рақобати ниҳоиро тавассути пахши зинда дар интернет беш аз се миллион кас дар тамоми ҷаҳон тамошо кардаанд.
Бояд тазаккур дод, аз ин пеш дар таърихи шоҳмот аз рӯи тай-брейк ду бор қаҳрамони ҷаҳонро муайян кардаанд. Соли 2006-ум Владимир Крамник аз Русия бар Веселин Топалов аз Булғористон ва соли 2012-ум Вишванатан Ананд аз Ҳиндустон бар Борис Гелфанд аз Исроил ғолиб шуда буданд.