Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба як муассисаи хориҷӣ дар Кобул (ВИДЕО)


Вазорати умури дохилии Афғонистон мегӯяд, дар ҳамлаи рӯзи шанбеи Толибон ба як маркази хориҷиён панҷ тан кушта шудаанд.

Пулиси Кобул мегӯяд, ки дар ҳамлаи Толибон ба як маркази хориҷиён дар ғарби Кобул се ҳамлавар ва ду ғайринизомӣ кушта шудаанд. Ҳамла шоми рӯзи шанбе дар як муассисаи хайрия дар минтақаи "Кортаи се" пас аз чандин соат даргириҳо поён ёфт.

Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон дирӯз аз маҳали ҳодиса гуфт, "амалиёти поксозӣ бисёр ҳирфаӣ сурат гирифт. Шаш нафар ки дар дохил буданд, наҷот дода шуданд. Мутаассифона талафот аст. Ду нафаре, ки дар дохил буданд, кушта шуданд."

Толибон масъулияти ин ҳодисаро ба ӯҳда гирифта ва иддао кардаанд ки як маркази таблиғи масеҳиятро ҳадаф қарор додаанд. Аммо бар пояи гузоришҳо, ин марказ барои кӯмак ба бахши маорифи Афғонистон фаъолият мекардааст.

Ҳамла дар Кобул
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:17 0:00

XS
SM
MD
LG