Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил гуфт, Эрон ба баландиҳои Ҷулон 20 мушак партоб кард


Артиши Исроил эълон кардааст, ки субҳи панҷшанбеи 10-уми май нерӯҳои вобаста ба Сипоҳи посдорони Эрон дар Сурия, тақрибан 20 мушак ба тарафи пойгоҳҳои низомии Исроил дар баландиҳои Ҷулон партоб карданд.

Ин дар ҳоле аст, ки чанд соат баъд аз ин ҳамлаҳо, расонаҳои ҳукуматии Сурия гуфтанд, Исроил минтақаи Ал-Касва дар наздикии Димишқро ҳадаф қарор додааст. Ҳукумати Сурия гуфтааст, шуморе аз мушакҳои Исроилро раҳгирӣ ва хунсо кардааст.

Созмони дидбони ҳуқуқи башари Сурия рӯзи чаҳоршанбе хабар дод, ки ҳашт тан аз 15 кушта дар ҳамла ба пойгоҳи Ал-Кисва, низомиёни эронӣ буданд.

Ба гузориши хабаргузории "Ассошиэйтед пресс", як мақоми артиши Исроил нерӯҳои Сипоҳи посдорони ва нерӯҳои Қудсро муттаҳам кардааст, ки ба тарафи пойгоҳҳои артиши ин кишвар мушак партоб кардаанд ва нерӯҳои исроилӣ ба ин ҳамла посух додаанд.

Артиши Исроил мегӯяд, системаи дифоии "гунбади оҳанин" теъдоде аз ин мушакҳоро раҳгирӣ кардааст ва ин ҳамлаҳо ҳеҷ талафот ё захмие надоштааст. Ин дар ҳоле аст, ки шабакаи телевизионии Ал-Маёдин вобаста ба "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон мегӯяд, нерӯҳои Сурия дар вокуниш ба ҳамлаи нерӯҳои Исроил, посух додаанд.

Ҳамлаи Исроил ба пойгоҳи Ал-Кисва дар наздикиҳои Димишқ.
Ҳамлаи Исроил ба пойгоҳи Ал-Кисва дар наздикиҳои Димишқ.

Тайи моҳҳои ахир таниш байни Эрон ва Исроил дар Сурия боло гирифтааст. Нерӯҳои Эрон ва "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон ба ҳукумати Башор Асад дар ҷанги дохилии ин кишвар кӯмак мекунанд. Хабаргузории "Рейтерз" мегӯяд, тайи моҳҳои ахир Исроил ҳамлаҳоеро ба пойгоҳҳои "Ҳизбуллоҳ" ва Эрон дар Сурия анҷом додааст.

Дар ҳамин росто, САНА -- хабаргузории расмии Сурия шаби сешанбеи ҳамин ҳафта гузориш дода буд, ки пойгоҳи Ал-Кисва дар наздикиҳои Димишқ ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст. Ин хабаргузорӣ ҳамларо ба Исроил нисбат дод, аммо эълом кард, "системаи дифои ҳавоии Сурия ду мушаки Исроилро сарнагун кардааст."

Расонаҳои исроилӣ низ гузориш доданд, ки анбор ва таҷҳизоти мушакии Эрон дар пойгоҳи Ал-Кисва ҳадаф қарор гирифтааст. Исроил расман масъулияти ин ҳамларо напазируфт, аммо ба навиштаи расонаҳо, изҳороти вазири амнияти ин кишвар нишон медиҳад, ки Исроил ин ҳамларо анҷом додааст.

Расонаҳои Сурия қаблан эълом карданд, ки Исроил шаби сешанбе як ҳамлаи дигар ба Сурия анҷом дод. Чанд соат пеш аз он, артиши Исроил иддао кард, ки "ҳаракатҳои машкуки Эрон ва ҳампаймонҳояш дар баландиҳои Ҷулон мушоҳида шуд."

Баландиҳои Ҷулон. Акс аз бойгонӣ.
Баландиҳои Ҷулон. Акс аз бойгонӣ.

Қаблан низ расонаҳои исроилӣ ба нақл аз мақомоти низомии кишварашон гузориш доданд, ки Эрон дар садади "интиқом" аз Исроил барои талафоти худ дар ҳамлаҳои пешин аст. Низомиёни Исроил дар гуфтугӯ бо расонаҳои кишварашон ҳадс зада буданд, ки Эрон барои интиқом, "ҳамлаҳои маҳдуди мушакӣ" ба шимоли Исроилро барномарезӣ кардааст. Раиси Ситоди кулли артиши Исроил рӯзи чаҳоршанбе ба Ҷулон рафт ва бо фармондеҳон нишасте доир намуд.

Бо вуҷуди ин, ҳамлаи шаби сешанбе алайҳи пойгоҳи низомии Сурия дар 14-километрии ғарби Димишқ, ки дур аз марзи Ҷулон аст, анҷом шуд. Исроил қаблан иддао карда буд, ки Сурия ин пойгоҳро дар ихтиёри нерӯҳои эронӣ қарор додааст.

Созмони дидбони ҳуқуқи башари Сурия рӯзи чаҳоршанбе хабар дод, ки ҳашт тан аз 15 кушта дар ҳамла ба пойгоҳи низомии Ал-Кисва, низомиёни эронӣ буданд. Дар сурати дурустии ин гузориш, шумораи талафоти эрониён дар ҳамлаҳои се моҳи ахири Исроил дар Сурия, ҳадди ақал ба 33 тан расидааст.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG