Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оташбас миёни Ҳамос ва Исроил


Исроил ва Ҳамос рӯзи чаҳоршанбе ба тавофуқномаи оташбас даст ёфтанд, ки ба ҷанги 8 рӯза миёни ду ҷониб поён дод.

Хабари имзои ин тавофуқномаи оташбасро Муҳаммад Комил Амр, вазири умури хориҷии Миср дар нишасти хабарии муштараки худ бо Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико эълон кард. Миср нақши миёнҷиро дар расидани ду тараф ба тавофуқнома ифо кардааст.

Аз сӯе Холид Машъал, раиси дафтари сиёсии Ҳаракати муқовимати исломии Ҳамос дар нишасти хабарӣ гуфт, ки Исроил дар дастёбӣ ба аҳдофаш, аз ҷумла ҳамла ба навори Ғаза шикаст хӯрдааст. Ӯ ҳамчунин аз нақши Эрон дар кӯмак ба гурӯҳҳои фаластинӣ дар Ғаза cитоиш кард.

Дар муқобил Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил гуфтааст, ки дар сурати шикасти тавофуқномаи оташбас, Исроил даст ба амалиёти низомии шадидтар алайҳи Ғаза хоҳад зад.


МАТНИ ТАВОФУҚНОМАИ ОТАШБАС

Хабаргузории «Аш-шарқ ал-авсат»-и Миср матни тавофуқномаи оташбас миёни Ҳамос ва Исроилро мунташир кардааст, ки шомили 4 банд аст ва дар се банди дигар ба абзорҳои иҷроии он пардохтааст.

Дар банди аввал омадааст: «Исроил тамоми ҳамлаҳои заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии худро ба навори Ғаза мутаваққиф мекунад, аз ҷумла ҳамлаҳои ҷудогона ва террори шахсиятҳо.»

Банди дуввум мегӯяд: «Гурӯҳҳои фаластинӣ тамоми ҳамлаҳои худро аз навори Ғаза ба Исроил мутаваққиф мекунанд, аз ҷумла партоби мушак ва ҳамла ба хатҳои марзӣ.»

Дар банди саввум ба масоили мавриди ихтилофи ду тараф пардохта шудааст:

«Гузаргоҳҳо боз ва рафту омади афрод ва коло осон мешавад. Ҳамчунин дар баробари рафту омади сокинон монеъ эҷод намешавад ва манотиқи марзӣ ҳадаф қарор намегирад. Ин банд 24 соат пас аз оғози иҷрои тавовуқнома ба ҳолати иҷро медарояд.»

Дар банди чаҳорум омадааст: «Дар сурати дархости ҳар кадом аз ду тараф, дар бораи масоили дигар низ баҳс мешавад.»

Бахши дуввуми тавофуқнома ба бандҳое ихтисос ёфтааст, ки роҳҳои иҷрои ин тавофуқномаро муайян мекунад. Дар банди аввали он омадааст: «Соати оғози иҷрои тавофуқнома мушаххас мешавад.»

Ин тавофуқномаи аз соати 9-шаб ба вақти Қоҳира иҷро шудааст.

Дар банди дуввум омадааст: «Миср аз ҳама тарафҳо тазминҳое барои пойбандияшон ба тавофуқнома мегирад.»

Банди саввум мегӯяд: «Ҳама тарафҳо ӯҳдадор мешаванд иқдоме, ки тавофуқномаро мешиканад анҷом надиҳанд ва дар ғайри он, ба Миср ба унвони кишвари миёнҷии тавофуқнома муроҷиат кунанд.»


ВОКУНИШҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Шӯрои амнияти СММ аз Исроил ва Ҳамос хост ба тавофуқномаи оташбас пойбанд бошанд. Ба гузориши хабаргузории Фаронса, дар баёнияи Шӯрои Амният, ки шомгоҳи рӯзи чаҳоршанбе пахш шуд, хотирнишон шудааст, ки «Аъзои Шӯрои амният аз ҳама тарафҳо мехоҳанд, ки ба тавофуқнома пойбанд бошанд ва ба таври ҷиддӣ ва нияти содиқона барои иҷрои бандҳои он талош кунанд.»

Ин баёния ҳамчунин аз қудрат ва талошҳои Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури Миср ва дигарон, ки ба ӯ барои дастёбӣ ба тавофуқномаи оташбас кӯмак карданд, ситоиш кардааст.

Маҳмуд Аббос, раиси ташкилоти худгардони Фаластин ҳам дар баёнияе пуштибонии худро аз тавофуқи оташбас эълом кард. Ӯ ҳамчунин хостори «идомаи талошҳо барои пойдории тавофуқнома», «такрор нашудани ҳамлаҳои Исроил» ва «поёнии муҳосираи Ғаза» шуд.

Бар Ки Мун, дабири кулли СММ низ, ки дар нишасти хабарӣ пас аз дидор бо подшоҳи Урдун Абдуллоҳи дуввум сӯҳбат мекард, аз Исроил ва Ҳамос хост ба аҳди хуб пойбанд бошанд.
XS
SM
MD
LG