Мақомоти вилояти Ҳилманд мегӯянд, аснодеро дар даст доранд, ки нишон медиҳад, гурӯҳҳои Толибон ва "Давлати Исломӣ" ба ҷангиёни худ амр додаанд, ки алайҳи якдигар ҷиҳод ва мубориза кунанд. Коршиносони умури амниятии афғон низ ихтилофро миёни ин ду гурӯҳ таъйид мекунанд.
Фармондеҳи амнияти вилояти Ҳилманд мегӯяд, онҳо аснодеро аз ноҳияи Каҷакӣ -- ҷое, ки гурӯҳи "Давлати Исломӣ" дар он фаъол аст, ба даст овардаанд, ки нишон медиҳад, ки ин гурӯҳ ва Толибон дар муқобили ҳам қарор доранд. Набиҷон Муллохел ба хабарнигорон гуфт:
"Номае аз Абдурауф Ходим дар даст мо аст, ки дар он ба аъзои гурӯҳи худ навишта то бар зидди Толибон як ҳаракати қавӣ анҷом диҳад ва раҳбарони Толибонро дар минтақа аз байн бибаранд. Дар як номаи дигар ин бор Толибон аз аъзои худ хостаанд, то бар зидди гурӯҳи "Давлати исломӣ", ки ҷадидан эҷод шуда ва Ходим онро фаъол сохтааст, иқдом кунанд ва гурӯҳи Толибон ба зидди онҳо ҷиҳод эълон кардааст. Гурӯҳи "Давлати исломӣ" алайҳи Толибон ва Толибон алайҳи "Давлати исломӣ" ҷиҳод эълон кардаанд."
Фармондеҳи амнияти Ҳилманд дар идомаи сӯҳбати худ гуфт, ҳарчанд Мулло Абдурауф Ходим, саркардаи гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар моҳи феврали имсол бар асари ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини амрикоӣ кушта шуд, аммо гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Ҳилманд ба фаълияташ барои ҷалб ва истихдоми ҷангҷӯён идома медиҳад.
Ҳамзамон бо ин, коршиносони умури амниятии Афғонистон ба ин назаранд, ки Толибон ва "Давлати Исломӣ" аз лиҳози идеологӣ бо ҳам ихтилоф доранд ва як дар талоши аз байн бурдани дигаранд. Генерали бознишаста Атиқуллоҳ Амархел, коршиноси умури амниятӣ ва низомии афғон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "Давлати Исломӣ" мехоҳад Толибонро аз саҳна хориҷ кунад.
Вай мегӯяд, ки "онҳо Толибонро мусалмон намедонанд ва мафкураи онҳоро намепазиранд. Давлати исломӣ дар ҳар ҷо бо чунин гурӯҳҳо мухолифта дорад. Дар инҷо дар Афғонистон, дар Ироқ ва дар Сурия густариш ёфтааст. Ин имкон вуҷуд дорад, ки байни онҳо задухӯрд сурат гирад ва даргирӣ байни Давлати исломӣ ва Толибон ба нафъи ҳукумати Афғонистон аст. Фикр мекунам, ки бар асоси фишори онҳо, Толибон ҳозир ба гуфтугӯ бо ҳукумати Афғонистон шуда бошанд ва ин мавзӯъ ба нафъи онҳо аст."
Генерал Амархел гуфт, Толибон дар мавзӯи сулҳи Афғонистон, аз як тараф таҳти фишори гурӯҳи "Давлати Исломӣ" ва аз сӯи дигар зери фишори давлати Афғонистон қарор доранд. Ашрафғанӣ Аҳмадзай, раиси ҷумҳури Афғонистон ахиран дар суханрониаш дар назди хонаводаҳои қурбониёни ҳодисаи Ҷурми Бадахшон аз Толибон хост, то мавқифашонро рӯшан бисозанд, ки оё дар сафи террористони байналмилалӣ меистанд ва ё мардуми Афғонистонро интихоб мекунанд.
Соли гузашта замоне, ки гузоришҳо дар мавриди оғози фаълияти гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Афғонистон ба нашр расид, Абубакр Ал-Бағдодӣ раҳбари ин гурӯҳ дар як баёния Мулло Муҳаммад Умар, раҳбари Толибонро як ҷангсолори ҷоҳил хонд. Гузоришҳое, ки аз даргирӣ байни афроди ин ду гурӯҳ ба нашр расидааст, ҳикоят аз он дорад, ки шахсони ниқобпӯш, ки аксаран аъзои гурӯҳи "Давлати исломӣ" хонда мешавад, дар вилояти Нуристон якбори дигар шуморе аз аъзои ҷунбиши Толибонро ба дор овехтаанд.