Корбарони эронии шабакаи иҷтимоии "Инстаграм" пас аз 17 рӯз, ки аз назардиҳии онҳо зери як акси Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико мегузашт, тавонистанд як рекорди нав сабт кунанд. Ҳаракате, ки бо эътирози онҳо ба истифода аз номи дигаре барои "Халиҷи Форс" аз сӯи оқои Трамп, оғоз шуд.
Ин аввалин бор нест, ки корбарони эронии фазои маҷозӣ маъракаеро ба роҳ меандозанд ва бо "лайк" кардан ё "писандидан"-и як матлаб ва ё назар додан ва коммент гузоштан зери матлаб, хабарсоз мешавад. Ин бор аммо фаъолияти маҷозии ин корбарон рекордсоз шудааст.
Гурӯҳе алайҳи кишварҳои ҳамсояи Эрон менавиштанд, гурӯҳе танз мекориданд ва иддае низ матлаби тавҳиномез дар бораи раиси ҷумҳури Амрико ва мардуми кишварҳои ҳамсояи Эрон навиштанд.
13-уми октябр Доналд Трамп, президенти Амрико стратегияи худ дар баробари Эронро эълон кард. Дар ин суханронӣ оқои Трамп аз тавофуқи ҳастаии қудратҳои ҷаҳон бо Эрон интиқод кард ва ҳамчунин гуфт, ки таҳримҳои навро алайҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, ҷорӣ мекунад.
Аммо на ин нуктаҳо, балки масъалаи дигар дар ин суханронӣ мавриди таваҷҷуҳи шумораи зиёде аз корбарон қарор гирифт, ки бо гузашти беш аз ду ҳафта ҳанӯз ҳам ба он вокуниш нишон медиҳанд. Доналд Трамп бар хилофи одати чанд раиси ҷумҳури пеш аз худ, дар ишора ба Халиҷи Форс, ба ҷои вожаи "форс", аз "арабӣ" истифода кард.
Чанд дақиқа баъд, аксе аз Доналд Трамп дар ҳоли эроди суханронӣ бар рӯи ҳисоби расмии "Инстаграм"-и ӯ пайдо мунташир шуд ва аз ҳамон дақиқа, корбарони эронӣ равонаи ин сафҳа шуда ва эътирози худ ба истифода аз номи дигаре барои "Халиҷи Форс"-ро оғоз карданд. Ҳар дақиқа даҳҳо коммент изофа мешуд, то онки шумораи ин комментҳо ба ҳудуди 4 миллион расид ва рекорди бештарин коммент зери як акс дар шабакаи иҷтимодии "Инстаграм"-ро шикаст.
Фаъолиятҳои маҷозии корбарони эронӣ дар "Истаграм" бо эътирозҳои мухталифе шурӯъ шуд, ки ибтидо марбут ба Халиҷи Форс ва Эрон мешуд. Албатта бо афзоиши назардиҳии корбарон, доманаи он низ густариш ёфт. Гурӯҳе алайҳи кишварҳои ҳамсояи Эрон менавиштанд, гурӯҳе танз мекориданд ва иддае низ матлаби тавҳиномез дар бораи раиси ҷумҳури Амрико ва мардуми кишварҳои ҳамсояи Эрон навиштанд.
Аммо ҳадафи ниҳоии корбароне, ки 17 рӯз ба назардиҳӣ идома доданд, шикастани як рекорд буд. Қабл аз ин шаҳрвандони Туркия рекорддори назардиҳӣ дар "Инстаграм" буданд. Онҳо чанд моҳ пеш зери як акси Диего Коста, ҳамлагари дастаи "Атлетико"-Мадрид аз ӯ хоста буданд ба тими "Бешикташ" бипайвандад. Маъмулан ҳам рекорддорони "Истаграм" чӣ аз назари "лайк" гузоштан ва чӣ коммент, аҳли ҳунару мусиқӣ ва варзиш буданд, аммо ҳоло ҳисоби расмии як сиёсатмадор ва мавзӯи сиёсӣ, ҷои аввалро дар мизони назардиҳӣ аз они худ кардааст.
Албатта корбарони эронӣ пеш аз ин низ ба рухдодҳои интернетӣ дар бораи Халиҷи Форс ҳассосият нишон дода буданд. Як даҳа пеш эрониҳо дар як ҳаракати эътирозӣ бо сохтани "бомбаи гуглӣ", роҳи ҷустуҷӯ барои номи "Халиҷи арабӣ"-ро дар интернет масдуд карда буданд. Аммо ҳама ҳаракатҳои корбарони эронӣ ба ёдоварии номи Халиҷи Форс хулоса нашуда ва аз ҷумла, дар Ҷоми ҷаҳонии гузашта ҳангоме, ки Лионел Мессӣ голи пирӯзии дастаи Аргентина алайҳи Эронро ба самар расонд, сафҳаҳои вобаста ба ӯ дар фазои маҷозӣ мавриди ҳуҷум ва носазои корбарони эронӣ қарор гирифта буд.