Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон мегӯяд, посухҳо ба қарори эҳтимолии Трамп омодаанд


Муҳаммад Ҷавод Зариф як ҳангоми суханронӣ дар Исломободи Покистон.
Муҳаммад Ҷавод Зариф як ҳангоми суханронӣ дар Исломободи Покистон.

Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон мегӯяд, агар Амрико аз созиши атомии таърихии соли 2015 даст бикашад, Теҳрон метавонад, барномаҳои атомиашро “бо суръати бисёр баландтаре” шурӯъ кунад.

Муҳаммад Ҷавод Зариф гуфт, “Мо якчанд гузинаеро пешбинӣ кардаем, аз ҷумла тадбирҳоеро, ки имкон медиҳанд, фаъолиятҳои атомиро бо суръати баландтаре аз сар бигирем”.

Вазири умури хориҷии Эрон, ки барои ширкат дар нишасти Созмони Милал ба Амрико рафтааст, дар ин бора бо телевизиони Си Би Эс-и Амрико сӯҳбат кард. Мусоҳибаи ӯро рӯзи 22-уми апрел нашр карданд.

Пештар аз ин Муҳаммад Ҷавод Зариф дар рӯзи 21-уми апрел дар сӯҳбати дигаре бо хабарнигорон гуфт, ки Эрон қасд надорад, ки бомби атомӣ бисозад.

Айни замон ба гуфтаи ӯ дар сурати хуруҷи Амрико аз созиши атомии соли 2015, посухи Эрон аз сар гирифтани истеҳсоли ураниуми ғанисозишуда аст, ки муҳимтарин ҷузъи бомби атомӣ ба ҳисоб меравад.

Ӯ гуфт, “Амрико ҳеҷ гоҳ набояд битарасад, ки Эрон бомби атомӣ месозад, вале мо пайгирона, ба ғанисозии ураниум идома медиҳем”.

Давлати Эрон ҳамеша гуфтааст, ки барномаҳои атомиаш ҳадафҳои сулҳомез доранд.

Доналд Трамп созиши атомӣ бо Эронро ноқис номидааст.
Доналд Трамп созиши атомӣ бо Эронро ноқис номидааст.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, ки созиши атомӣ бо Эронро танқид кардааст, мегӯяд, Теҳро бо идомаи озмоиши мушакҳои баллистикӣ, ҳимояти тундравон дар минтақа ва кӯмак ба ҳукумати Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, “мухолифи рӯҳи” созиши атомӣ амал мекунад.

Созиши атомӣ имкон дод, ки Эрон фаъолиятҳои атомиашро маҳдуд кунад ва дар иваз баъзе аз таҳримоти иқтисодӣ алайҳи онро аз байн баранд.

Доналд Трамп дар гузашта аз кишварҳои аврупоӣ хостааст, ки “камбудиҳои ваҳшатноки” созиши ҳастаӣ бо Эронро “ислоҳ” кунанд ва хостааст, ки ба зидди барномаҳои мушакӣ ва атомии Эрон маҳдудиятҳои наве ҷорӣ шавад.

Доналд Трамп гуфтааст, ки то рӯзи 12-уми май мӯҳлат медиҳад, то ин созиши ҳосилшуда дар замони Барак Обама, раиси ҷумҳури пешини Амрикоро ислоҳ кунанд, дар акси ҳол Иёлоти Муттаҳидаро аз он хориҷ мекунад.

Тарафҳои дигари созиши атомӣ Бритониё, Чину Фаронса ва Олмону Русия аз Амрико хостаанд, ки аз созиш даст накашад, чун беҳтарин роҳи ҷилавгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи атомист.

Амрико ҳеҷ гоҳ набояд битарасад, ки Эрон бомби атомӣ месозад, вале мо пайгирона, ба ғанисозии ураниум идома медиҳем.

Як мақоми баландпояи Амрико ба хабарнигорон гуфт, ки қарор аст, доналд Трамп ва Эммануел Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса рӯзи 23-уми апрел ҳангоми мулоқот дар Кохи Сафед дар бораи созиши атомӣ бо Эрон гуфтӯгу кунанд.

Дар як баёнияи дигар Муҳаммад Ҷавод Зариф дар мусоҳибааш бо Си Би Эс гуфт, агар Амрико мехоҳад, дар бораи сарнавишти чанд шаҳрванди зиндониа дар Эрон музокирот кунад, “пас бояд шеваи муносибаташро тағйир диҳад”.

Ба гуфтаи ӯ, “Аз нуқтаи назари инсондӯстӣ, албатта эҳтимоли музокирот ҳаст, вале тағйири муносибатро мехоҳад.” “Муҳим аст, ки ҳукумати Доналд Трамп, нишон бидиҳад, ки омодаи муколамаи боэҳтиром аст – афзуд, ӯ.

Айни замон дар Эрон дасти кам панҷ амрикоӣ бо иттиҳомоти ҷосусӣ ба зиндон маҳкум шудаанд.

XS
SM
MD
LG