Эрон Оҷонси нирӯи ҳастаии Созмони Милалро огоҳ кард, ки дар сурати пошхӯрии созиши соли 2015, ин кишвар ба ғанисозии дубораи ураниум шурӯъ мекунад.
Алӣ Акбари Солеҳӣ, раиси созмони нирӯи ҳастаии Эрон, рӯзи 5-уми июн гуфт, номае ба Оҷонси нирӯи ҳастаии СММ дар Вена ирсол ва дар он дар бораи тасмими Эрон хабар дода шудааст.
Айни замон ӯ гуфт, Эрон ҳамоно ба шартҳои созишномаи ҳастаӣ пойбанд аст ва фаъолиятҳои ҳастаии он дар чаҳорчӯби санад маҳдуд мешавад. Моҳи апрел президенти Амрико Доналд Трамп гуфт, кишвараш аз созиши ҳастаӣ берун мешавад ва болои Эрон таҳримҳои шадиди иқтисодӣ ҷорӣ хоҳад кард. Дигар ҷонибҳои имзокарда зери ин созиш ба ин санад пойбанд боқӣ мемонанд.
Солеҳӣ гуфт, "агар имконият даст дод, шояд фардо шаб дар коргоҳи ғанисозии Натанз мо дар бораи ифтитоҳи маркази истеҳсоли сентрифугаҳои нав хабар медиҳем". Ӯ гуфт, тасмими онҳо мувофиқ бо амри раҳбари олӣ Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ сурат мегирад.