Пайвандҳои дастрасӣ

"Дӯсти кӯдакиам ба рӯям туф кард". Рӯзгори як духтари атеист дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Фарангис, сокини 21-солаи шаҳри Душанбе, худро як нафари "бедин" ё "атеист" медонад ва рӯзи 19-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки барои интихоби ин роҳ таҷриба ва таҳлилҳои зиёде кардааст. Фарангис медонад, ки бисёриҳо дар Тоҷикистони мусалмоннишин ин мавқеи ӯро хуш надоранд ва ҳатто ба қавли худаш, “як дӯсти кӯдакӣ ба рӯяш туф кард”.

Комиссиюни озодиҳои динии ИМА дар гузориши солонааш соли 2016 гуфта буд, ки дар Тоҷикистон аксарият диндоранд ва танҳо 0,01 дарсади мардум бедин ё атеист мебошанд.

Ӯ медонад, ки мавқеаш баҳсбарангез аст ва аз ҳамин хотир талош мекунад бо касе дар атроф, бахусус волидон, дилашро боз накунад. Фарангис хоҳиш кард, ки чеҳраашро ҳам дар навори видеоӣ намоиш надиҳем, чун аз паёмади ин сӯҳбат меҳаросад. Аммо бовар дорад, ки рӯзе онҳо ӯро дарк хоҳанд кард.

Фарангис дар Душанбе ва мисли бисёр дигар ҷавонҳои ҳамсолаш бузург шудааст. Баъд аз хатми мактаби миёнае, ки таҳсилаш ба забони русӣ мегузарад, ба як донишгоҳи бонуфузи пойтахт дохил шуд. Мегӯяд, дар миёни дӯстону ҳамсинфонаш, ҳарчанд аксарият тоҷик буданд, намояндагони дину фарҳангҳои дигар ҳам вуҷуд доштанд.

Аз ислом ба масеҳият, аз масеҳият ба атеизм

Аввалин марҳилаи шакку тардиди ӯ дар масоили динӣ дар хона пайдо шуд. Ӯ гуфт, “чун ҳамаи шаҳрвандони тоҷик, ман дар оилаи суннатӣ таваллуд ва бузург шудаам. Аз даврони кӯдакиам аз тарафи волидон фишорро ҳис мекардам. Ман дар хотирам ҳаст, ки чӣ тавр падару модар маро метарсонданд: Агар ту чизеро анҷом надиҳӣ, туро Худо ҷазо медиҳад.”

Фарангис мегӯяд, бо мурури сол дар заминаи эътиқод ва мазҳаб суолу тардид, шубҳаву пурсишҳои зиёд зеҳнашро азият мекард. Рӯзе бо як ҳамсинфаш ба калисои протестантии кореягиҳо дар Душанбе рафт. Онҷо давраи муолиҷаро ҳам пушти сар кард. Дар ноболиғӣ бо дини масеҳӣ ва калисои провославӣ шинос шуд. Вале ниҳоят дар 16-солагӣ, ба гуфтаи Фарангис, дарк кард, ки бояд дар ин замина як омӯзишу таълиме дошта бошад. Мегӯяд, таърихи динҳои мухталифро омӯхта, ба хулосае расид, ки, ба гуфтааш, “Худо вуҷуд надорад”.

“Вақте ба 16 даромадам ва аз ду дини ҷаҳонӣ хабари нисбатан комилро доштам, андешидам, ки намебоист аз Худо ва дин тарсид, чун аз дин истифода мешавад ва дар сурати анҷом наёфтани коре бо Худо метарсонанд. Яъне, дину Худоро ҳамчун асбобе барои бозӣ додани зиндагии мардум истифода мебаранд. Пас, агар Худо вуҷуд медошт, чаро ӯ наметавонад кушторҳоро, ки бо номи ӯ анҷом дода мешаванд, пешгирӣ кунад? Ба ҳар ҳолат, ман бояд таъкид кунам, ки ин андешаи шахсии ман аст”, - афзуд ӯ.

"Бисёриҳо маро дарк намекунанд"

Фарангис мегӯяд, мавқеи атеистии ӯро бисёриҳо намефаҳманд ва ҳар нафаре, ки дар ин бора огаҳ мешавад, талош мекунад, нодуруст будани ақидаи ӯро исбот кунад. “Вақте, ки онҳо атеист будани маро мефаҳманд, ҳар яки онҳо мехоҳанд исбот кунанд, ки Худо вуҷуд дорад ва интихоби ман иштибоҳе беш нест. Вале атеист будани ман маънои онро надорад, ки андеша ва фалсафаи атеизмро ба мағзи сари касе маҷбуран ҷорӣ кунам. Дар ҷомеаи мо чунин шудааст, ки интихоби дин вуҷуд надорад, иҷборӣ аст. Ба мо аз кӯдакӣ фикру андешаи худро бор мекунанд”, - бовар дорад ин духтари ҷавон.

Аксарияи мардуми Тоҷикистон мусалмон мебошанд.
Аксарияи мардуми Тоҷикистон мусалмон мебошанд.

Фарангис мегӯяд, агар тифле дар хонадони мусалмон ё масеҳӣ бузург шуд, волидонаш ӯро ҳамчун як пайрави дини ислом ё Исои Масеҳ бузург мекунанд. Яъне, ба ҷойи ӯ интихоб мекунанд, ки дини ӯ бояд чӣ бошад. Ӯ мегӯяд, дар миёни дӯстонаш ҳамфикрони зиёд дорад, аксари онҳо ҷавонҳои замонавӣ, русзабон ва сокини Душанбе ҳастанд.

"Дӯстам ба рӯям туф кард"

Мегӯяд, мавқеи ошкораш дар робита бо мазҳабу эътиқод як дафъа бо бархӯрди хашини як дӯсти даврони кӯдакиаш рӯбарӯ шуд. Ӯ гуфт, “се моҳ пеш, ҳангоме бо як дӯсти даврони кӯдакиам вохӯрдам, ҳодисае рух дод. Аз сӯе бисёр хандаовар буд, вале айни замон хеле маро ранҷонд. Ин ҳамон духтаре буд, ки ҳамеша ҳангоми таҳсил дар мактаб муддати панҷ сол мегуфт: Ҳар чизе шуд, ман туро дастгирӣ мекунам. Вақте ба дӯстам гуфтам, ки атеист ҳастам, ӯ ба ман як соат нигаристу, пас аз он гиря кард. Баъди ин ба ман гуфт: Ту рост ба дӯзах меравӣ. Баъд ба рӯям туф карду рафт.”

Фарангис мегӯяд, чунин вокунишҳои тунд ӯро водор мекунад, ки эҳтиёткор бошад ва аз ибрози назари худ дар миёни афроди мухталиф андеша кунад. Вале мегӯяд, аз мавқеаш гаштанӣ нест.

Аз атеизми Шӯравӣ то Тоҷикистони рӯ ба мазҳаб

Шояд 30 сол пеш ҳеҷ нафаре дар робита бо мавқеи Фарангис тааҷҷуб намекард. Атеизм шиори ҳукумати шӯравӣ ва як стратегияи сиёсӣ буд, вале баъд аз пош хӯрдани СССР, ки Тоҷикистон низ як бахши он буд, мавқеи давлат ва ҳам ҷомеа ба дин дигар шуд. Дар талоши бозгашт ба решаҳои худ, бисёриҳо ба дину мазҳаб рӯ оварданд ва изҳори озоди мавқеи динии инсон, кори маъмулӣ шуд. Ҳоло бисёр ҷавонҳои мусалмон дар Тоҷикистон худро диндор меноманд ва дар моҳҳои Рамазон рӯза мегиранду дигаронро низ ташвиқ мекунанд.

Дар натиҷа, атеистҳо ё бединҳо ақалият шудаанд. Комиссиюни озодиҳои динии ИМА дар гузориши солонааш соли 2016 гуфта буд, ки дар Тоҷикистон аксарият диндоранд ва танҳо 0,01 дарсади мардум бедин ё атеист мебошанд.

Атеистон дар ақаллият

Доктори илмҳои фалсафа Зулайхо Усмонова дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “дар баъзе ҷомеаҳои пешрафта равандҳое мавҷуданд, ки онро коҳишёбии нақши дин дар андешаи одам ва ҷомеа меноманд. Ин равандҳо хусусан ба давлатҳои пасошӯравӣ марбут аст, ки атеизм солҳои дароз ҳукмрон ва қисми идеологияи давлатӣ буд. Бинобар ин, вақте ки ҷомеа ё афроди алоҳида ба чизе муҳаббат ё майл пайдо мекунанд, ҳамзамон муносибати манфӣ нисбат ба онҳо ҷой дорад”.

Зулайхо Усмонова.
Зулайхо Усмонова.

Ин донишманди тоҷик гуфт, барои бисёр одамон "назари мухолифро ҳазм кардан хеле мушкил аст, хусусан ҳангоме, ки ин мухолифат дар асоси дину имон ба вуҷуд омада бошад. Имрӯз атеистҳо дар ақаллият ҳастанд. Ин ақаллиятест, ки зери нафрат ва баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. Кӣ мехоҳад, ки дар қатори ин ақаллият бошад? Ин аст сабабе, ки баъзеҳо – на танҳо ҷавонон, афзалиятҳои динию ғайридиниашонро пинҳон мекунанд".

Хилватшоҳи Маҳмуд: "Тоҷикистониҳо таҳаммулпазиранд"

Аз сӯи дигар, ба андешаи таҳлилгарон, ҷомеаи Тоҷикистон дар масоили мазҳабӣ таҳаммулпазир аст ва дар маҷмӯъ ба расму русум, дину фарҳанг, анъанаҳои якдигар эҳтиром мегузоранд. Рӯзноманигори мустақил Хилватшоҳи Маҳмуд мегӯяд, ҳамзистии осоишта, арҷгузорӣ ба маданияти ҳар халқ, озодии ақидаву дин аз ҷумлаи хусусиятҳои таҳаммулпазирии тоҷикистониҳо маҳсуб меёбад.

Хилватшоҳи Маҳмуд, рӯзноманигори тоҷик.
Хилватшоҳи Маҳмуд, рӯзноманигори тоҷик.

Ба гуфтаи ин рӯзноманигори тоҷик, "ҳоло фақат агар ба вазъи Душанбе бингарем (маҳаллаи рӯбарӯи микрорайони 65), ҳатто масҷиду калисо паҳлӯи ҳам фаъолият доранд ва ҳеҷ мушкиле дар шеваи фаъолияти ибодаткунандагон вуҷуд надорад. Насрониён ба калисо ва мусалмонон ба масҷид мераванд ва ибодати худро анҷом медиҳанд. Ҷавонони мо аз миллату қавмҳои гуногун ҳамсар мегиранд, оила барпо мекунанд. Яъне, агар гоҳ-гоҳе дар ин ё он вазъият касоне (албатта ангуштшуморанд) ба ин ё он рухдоди динӣ-фарҳангӣ мухолифат мекунанд, ин маънои таҳаммулнопазир будани ҷомеаи Тоҷикистонро надорад."

Таҳлилгарони дигар мегӯянд, решаҳои таҳаммулпазирӣ шояд аз замони Шӯравӣ об мехӯрад, ки дар ҷомеа намояндагони миллату фарҳангҳои мухталиф ҳамзистӣ доштанд. Вале пойдории таҳаммулпазирии динӣ, ба қавли коршиносон, хеле ҳассос аст ва пеш аз ҳама аз ҷаҳолату бедонишӣ маншаъ мегирад. Коршиносон мегӯянд, ки вазифаи давлат ва аъзои ҷомеа ин аст, ки ҳамин тавозун ҳифз шавад, вагарна метавонад оқибатҳои ногуфтание барои ҷомеа ба бор оварад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG