Футболбози ҳиндӣ Питер Бияксангзуалу рӯзи 19 октябр, чанд рӯз баъд аз латти хӯрдааш дар яке аз бемористонҳои аёлати Мизорам дар шимолушарқи Ҳиндустон даргузашт. Талошҳои табибон барои раҳоии ӯ аз чанголи марг натиҷа надод.
Ин футболбози 23-сола рӯзи 14 октябр, баъди голи задааш дар бозии байни тимҳои BV(Байтуллаҳм Венгтланг) ва Chanmari хеле хушҳолӣ ва ҷастухез кард, вале ногаҳон ба сар афтода, сутунмӯҳрааш сахт лат хӯрд. Бозигари азҳушрафтаро рост аз майдони футбол ба бемористон бурданд, вале баъди 5 рӯз Питер Бияксангзуалу ба ҳуш наомада, дар рӯи кати бемористон даргузашт.
Видеои чигуна гол задану лат хӯрдани Питер Бияксангзуалу инҷост:
Зимнан он бозии байни BV ва Chanmari бо вуҷуди голи задаи Питер Бияксангзуалу бо ҳисоби 2:3 ба фоидаи тими ҳариф – Chanmari - анҷом ёфт.
Ин нахустин мавриди марги футболбоз бар асари лат хӯрдан дар майдони футбол нест. Дар интернет рӯйхати дастикам 66 футболбоз нашр шудааст, ки дар вақти бозӣ ҷароҳатҳои муҳлик бардоштаанд ваё рост дар майдони футбол мурдаанд. Охирин нафар дар ин рӯйхат ҳамин Питер Бияксангзуалу мебошад.
Қабл аз ӯ Албер Эбоссе аз тими “Қобилия”-и Алҷазоир аст, ки рӯзи 24 августи соли равон бар асари пораи шифере, ки як мухлис ба рӯи ӯ ҳаво дода буд, ҷароҳат бардошта, ҳалок шуд.
Дар маҷмӯъ танҳо дар соли равон алакай 5 нафар дар майдони футбол ба дунё падруд гуфтаанд. Аз ҷумла Андрей Бал, футболбози дар гузашта хеле маъруфи тимҳои СССР ва “Динамо”-и Киев, рӯзи 9 август ҳангоми бозии ветеранҳо дар Киев бар асари сактаи қалб дар синни 56 даргузашт. Павел Ткаченко аз тими “Севастопол”-и Украина рӯзи 17 январи соли 2014 ҳангоми тамрин дар синни ҳамагӣ 16 ҷон бохт.
Аз дигар мавридҳои пурсарусадои ҳалокати футболбозон дар майдони футбол бар асари сактаи қалб дар нимаи бозӣ аз пой афтодану баъди чанде дар бемористон даргузаштани Марк-Вивен Фое, бозигари тими миллии Камерун буд. Ӯ 26 июни соли 2003 дар дақиқаи 71-уми бозии даври ниманиҳоии Ҷоми конфедератсияҳои ФИФА аз ҳуш рафт ва баъди ҳамагӣ 45 дақиқа даргузашт. Ба ёди ӯ ин Ҷом номи Фоеро гирифт.
Ҳамин тавр, дарвозабони тими ССКА(Маскав) Сергей Перхун дар таърихи 28 августи соли 2001 бо бозигари тими ҳариф Будун Будунов бархӯрда, аз ноҳияи мағзи сараш лат хӯрд ва аз олам даргузашт.