Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзгори мушкили Содиқовҳо бо 2 маъюб баъди бозгашт аз муҳоҷират


Оилаи Содиқовҳо баъд аз баргаштан аз шаҳри Санкт Петербург ба Тоҷикистон бо ду кӯдаки маъюб ба мушкили рӯзгор рӯбарӯ шудаанд ва то ба ҳол натавонистаанд ҷои коре барои гузаронидани зиндагӣ пайдо кунанд.

Ҳаловат ва Рустам Содиқовҳо, як хонаводаи тоҷик, ки дар пайи як садамаи автомобилӣ 7 сол қабл дар Санкт Петербург ду фарзанди кӯчаки онҳо маъюб шуда бистарӣ ҳастанд, мегӯянд, то ҳол ваъзи саломатии фарзандонашон беҳбуд наёфта ва ба давову кӯмак ниёз доранд.

Ҳаловат Содиқова, сокини кӯчаи ба номи Абдулаҳад Қаҳҳорови шаҳри Қӯрғонтеппа модари Ҷамшед ва Малика рӯзи 30-юми апрел дар сӯҳбат ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки ба умеди беҳбуд ёфтани вазъи сиҳатии фарзандонаш аҳли хонавода аз Санкт Петербург ба Тоҷикистон баргаштанд, вале дар инҷо ба мушкили давову дармон рӯ ба рӯ шудаанд.

Вай мегӯяд, садама соли 2007 Рустами 9-солаашро фалаҷ кард ва духтарчаашро маъюб намуд. Тайи як сол ронандае, ки садама карда буд, кӯмак расонида бо ҳамин рафт. Дар Санкт Петербург созмону бунёдҳо кӯмакрасон ва давлат маводи лозими барои фарзандаонашро ройгон мерасониданд, вале тайи як моҳе ки дар Қӯрғонтеппа ба сар мебаранд, харидани доруҳо ва бархе чизҳои зарурӣ мушкил шудааст.

Вай гуфт, ки дар ин ҷо шаваҳараш то ҳол ҷои кор пайдо накардааст, ҳеҷ даромаде надоранд ва барои таъмини фарзандонашон, ки феълан синашон ба 16 расидааст, вазнин шудааст.

Вай мегӯяд, ки танҳо Идораи ҳифзи иҷтимоӣ омода ваъда дод, ки ҳардуро 150 сомонӣ нафақа таъин хоҳад кард, дигар ҳануз ҳеҷ кӯмаке аз ҳеҷ куҷо дарёфт намекунад ва ба ёрӣ хеле мӯҳтоҷ ҳастанд. Танҳо дар моҳ барои хариди таҳпӯш ё памперс 150 сомонӣ сарф мекардаанд.

Ҳафт сол қабл дар фасли зимистон дар шаҳри Санкт Петербург, вақте ки Ҷамшед ва Малика мехостанд аз роҳ гузаранд, як мошин ба онҳо бармехӯрад, ки дар натиҷа Ҷамшед фалаҷ шуда Малика маъюб мешавад. Волидони онҳо мегӯянд, ки Ҷамшед аслан ҳаракат намекунад, вале Малика бо такя кардан кам - кам метавонад ҳаракат намояд.

НАВОР АЗ БОЙГОНӢ
XS
SM
MD
LG