Ислом Каримови 77-сола, ки бори чорум ба курсии президентӣ дар Узбакистон нишаст, рӯзи 10 апрел дар Тошканд дар маросиме савганди вафодорӣ ёд кард. Ин маросим дар бинои парлумони Узбакистон баргузор шуда, дар он раиси додгоҳи Қонуни асосӣ, аъзои кобинаи вазирон ва дипломатҳои хориҷӣ ҳузур ёфтанд.
Каримов дар интихоботи раёсатҷумҳурии 29 марти Узбакистон бо касби 90,39 дарсади овози раъйдиҳандагон барандаи интихобот эълон шуд. Комиссияи марказии интихоботи Узбакистон ба раҳбарии Мирзоулуғбек Абдусаломов рӯзи 6 апрели соли ҷорӣ ҳангоми эълони натиҷаҳои ниҳоии интихобот гуфт, ба ҷонибдории Ислом Каримов 17 миллиону 122 ҳазору 597 нафар овоз додаанд.
Дар изҳороти расмӣ гуфта мешавад, дар маҷмӯъ дар интихобот аз беш аз 20 миллион раъйдиҳанда тақрибан 19 миллион нафар иштирок кардаанд, ки каме бештар аз 91 дарсадро ташкил медиҳад. Худи Абдусаломов интихоботи гузаштаро "дорои аҳамияти муҳим барои ояндаи Узбакистон, ки дар роҳи бунёди як ҷомеаи демократӣ гом мебардорад", арзёбӣ кардааст.
Дар баробари Ислом Каримов дар интихобот се номзади дигар - Акмал Саидов аз ҳизби демократии Узбекистон, Ҳотамҷон Кетмонов аз ҳизби халқии демократӣ ва Наримон Умаров аз ҳизби сотсиал-демократии "Адолат" низ ширкат карданд. Ин номзадҳо аз 2 то 3 дарсади овозҳоро ба худ ихтисос додаанд.
Дафтари сохторҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА рӯзи 30 март дар як изҳорот гуфт, Ислом Каримов рақиби воқеӣ надошт ва дар ҷараёни ин маъракаи сиёсӣ камбудҳои зиёди қонунӣ ва ташкилӣ ба чашм расиданд. Раҳбари ҳайати нозирон Тана де Зулуета дар як изҳорот гуфт, Комиссияи марказии интихоботи Узбакистон Ислом Каримовро дар ҳоле сабти ном кард, ки бар пояи Қонуни асосӣ як нафар фақат ду дафъа метавонад пайиҳам раисиҷумҳур интихоб шавад. Ислом Каримов бори чаҳорум аст, ки ба мӯҳлати панҷсолӣ ба курсии раисиҷумҳури Узбакистон менишинад.